“Гурӯҳи 24”
Имрӯз бо истифода аз сосомнаҳои ВАО, технологияҳои иттилоотӣ мардум аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиӣ ва амниятии ҷумҳуриамон, кишварҳои ҳамсоя ва умуман ҷаҳон хабардор ҳастанд.
Тавре маълум аст, як иштибоҳ, агар шахсӣ бошад метавонад, ҳаёти инсонро ва агар сиёсиву давлатӣ бошад вазъият дар як ё ду ва зиёда кишварҳоро дигаргун созад ва ҳатто аз байн барад. Аммо, як амали нек, бар акс, метавонад давлатҳоро обод ва чандин давлатҳоро муттаҳид созад, ки бар нафъи мардум аст. Мо дар чанд моҳи охир шоҳиди ҷунин ҳодисаҳо дар ҷаҳон шудаем.
Набояд фаромӯш кард, ки гурӯҳҳое ёфт мешаванд, ки маҳз барои иштибоҳ намудани дигарон кор мекунанд. То инки дар натиҷаи чунин иштибоҳҳо, дигарон, яъне душманон, бегонагон манфиат бинанд. Барои Тоҷикистон кишвари мо, чунин гурӯҳҳо душман ба ҳисоб мераванд. Яке аз гурӯҳҳое, ки пайваста талоши онро дорад, ки мардуми тоҷикро гумроҳ намояд, фиреб диҳад то ин ки иштибоҳ намояд, ин гурӯҳи бо ном сиёсии “Гурӯҳи 24” мебошад. Барои мисол барномаи интернетии ин гурӯҳ зери номи “Садои мардум”.
Барномаи мазкур аз оғоз то анҷом як ҷониба ва танҳо дар асоси туҳмату таҳқирҳо роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он бадномсозии давлату ҳукумат ва Сарвари давлат мебошад. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки марудмро аз Ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар норозӣ намоянд, мардумро ба шур андозанд, бар зидди давлат хезонанд ва ҳамин тариқ дар ҷумҳуриамон фазои оромиву осудагии мардумро аз байн барарнд ва бори дигар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд.
Хушбахтона барои ҳар як шаҳрванди кишвар, ки мардуми тоҷик иштибоҳи солҳои 90-умро намехоҳанд такрор намоянд. Намехоҳанд, ки аз барои манфиати шахсӣ ва ё гурӯҳии як ё ду нафар тамоми мардум азоб кашанд.
Дар воқеият дуруст аст, ки ин “як ё ду нафар” ҳам имрӯз дар Аврупо дар зери қаноти хоҷагонаш дар беҳтарин шароитҳо зиндагӣ дорад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон барои “таъмини амнияти мардум” ва ё “ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон” намояд. Яъне, намехоҳад ҷойи гармашро хунук намояд. Балки, онҳо мехоҳанд, ки боз ҳам мардум ба майдонҳо бароянд, бар зидди ҳукумат, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва артиш мубориза барарнд, куштаву захмӣ ва зиндонӣ шаванд ва танҳо дар сурати ғалаба ҳамчун ғолиб вориди майдон шаванд. Аммо, ин ҳама фикру хаёлҳои хоми саркардаҳои “гурӯҳи 24” аст. шояд онҳо дар байни мардум як ё ду ҳамфикру ҳамақида ва тарафдори фиребхӯрда дошта бошанд, лекин барои аксарияти аҳолӣ чунин афрод хиёнаткоронанд.
Каримзода Н
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев