Бо гузашти 260 рӯз аз таҷовузоти режими ишғолгар алайҳи Навори Ғазза, дафтари расонаии Ғазза омори даҳшатноке аз ваҳшигарии ин режим ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ ироа дода ва эълом кардааст, ки ҳамаи нишонаҳои зиндагӣ дар Ғаззаи нобуд шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, бо гузашти 260 рӯз аз таҷовузоти режими ишғолгар алайҳи Ғазза, дафтари расонаии давлати Фаластин дар Навори Ғазза омори даҳшатноке аз ваҳшигарии ин режим ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ ироа дода ва эълом кардааст, ки ҳамаи нишонаҳои зиндагӣ дар Ғазза нобуд шуда ва ин мизон аз ваҳшигарӣ, дар ҷаҳон бесобиқа ва ваҳшатнок аст.
Бар асоси ин баёния, низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ токунун 37 ҳазору 551 ғайринизомиро ба шаҳодат рисондаанд, ки 15 ҳазору 821 нафари онҳо кӯдак ва 10 ҳазору 475 нафари онҳо зан ҳастанд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳануз наздики 10 ҳазор нафар аз шуҳадо зери овор қарор доранд ва ҳамчунин ҳазорон нафар низ ҳастанд, ки бедарак шудаанду хабаре аз сарнавишти онҳо дар даст нест. Арзёбиҳо нишон медиҳад, ки батаври миёнгин рӯзона беш аз 144 фаластинӣ дар ҳамалоти артиши Исроил кушта мешаванд ва ин омор дар таърихи даргирии арабӣ-исроилӣ ва ҳамчунин дар ҷангҳои муосир рақами бисёр ваҳшатноке аст. https://tajikpress.com/2024/06/23/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d2%b3%d1%88%d0%b0%d1%82%d0%b1%d0%be%d1%80-%d0%b0%d0%b7-260-%d1%80%d3%af%d0%b7%d0%b8-%d0%b2%d0%b0%d2%b3%d1%88%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев