Мақомоти Тоҷикистону Маҷористон ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияро баррасӣ карда ва ба рушду тақвияти он таъкид карданд.
Вохӯрии Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мате Ловингер, директори генералии Агентии авиатсияи граждании Маҷористон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва васеъ намудани хатсайри парвозҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо матни лоиҳаи созишномаи ҳамкориро баррасӣ, мувофиқа ва парафгузорӣ намуданд. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки пас аз имзои Протоколи мувофиқашуда Созишномаи парафшударо муваққатан татбиқ намоянд. https://tajikpress.com/2024/07/24/%d1%80%d1%83%d1%88%d0%b4%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%bc%d0%b0%d2%b7%d0%be%d1%80%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев