Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳушдоре ба Исроил дар робита ба ҳамла ба Лубнон таъкид кард: Режими саҳюнистӣ масъули қатъии пайомадҳои ҳар гуна иқдоми ҷоҳилона алайҳи Лубнон аст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ҳар гуна иқдоми ҷадиди Исроил алайҳи Лубнон ба баҳонаи ҳодисаи “Маҷдал Шамс” воқеъ дар минтақаи Ҷавлон шадидан ҳушдор додааст.
Сухангӯи дастгоҳи дипломасии Эрон бо ишора ба баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва низ мавозеи бархе мақомоти олирутбаи ин кишвар дар нафйи ҳар гуна нақши худ дар ҳамла ба Маҷдал Шамс гуфт: Режими Апартайди Исроил пас аз 10 моҳ куштори ҷамъӣ дар Навори Ғазза ва қатлиоми кӯдакону занони фаластинӣ, бо як сенарияи сохтагӣ, ба дунболи инҳирофи афкори умумӣ ва таваҷҷуҳоти ҷаҳонӣ аз ҷиноёти густардаи худ дар Фаластин аст.
Канъонӣ таъкид кард: Режими саҳюнистӣ аз камтарин салоҳияти ахлоқӣ барои изҳори назар ва қазоват дар хусуси ҳодисаи рух дода дар минтақаи Маҷдал Шамс бархурдор нест ва иддаоҳои ин режим алайҳи дигарон низ шуниданӣ нахоҳад буд. https://tajikpress.com/2024/07/28/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb%d1%80%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d2%b3%d0%b0%d1%80-%d0%b3%d1%83%d0%bd%d0%b0-%d0%b8%d2%9b%d0%b4%d0%be%d0%bc%d0%b5-%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%b9%d2%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев