Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки теъдоди квотаҳо барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, афзоиш хоҳад ёфт.
Маскав талошҳоро барои зиёд кардани квотаҳо дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома хоҳад дод.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин зимни ҷаласаи Форуми байналмилалии парлумонии ИДМ “Хонишҳои Пушкин” баён дошт.
Вай гуфт:
“Мо ҳавасманди шарикони ИДМ барои афзоиши шумори донишҷӯёнашон дар Русияро мебинем”.
Ба гуфтаи муовини вазири хориҷӣ, танҳо дар ду соли ахир Русия квотаҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистонро ба маротиб афзоиш додааст.
Галузин таъкид намуд:
“Албатта, ин раванд мувофиқи карорҳое, ки дар сатхи рохбарияти олии ҳукуматии Русия қабул карда мешаванд, давом хоҳад ёфт… Мо ин масъаларо зери назорати доимӣ мегирем”.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки талабот ба муассисаҳои таҳсилоти олии Русия дар ҳоли ҳозир зиёд аст. https://tajikpress.com/2024/06/20/%d0%b0%d1%84%d0%b7%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%ba%d0%b2%d0%be%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%81%d0%b8%d0%bb%d0%b8%d0%b8-%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b3%d0%be%d2%b3%d2%b3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев