Як расонаи ибрӣ бо ишора ба паёмадҳои иқтисодии сангини ҷанги Ғазза барои режими саҳюнистӣ эълом кард, ки аз ибтидои ҷанг токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ таътил шудаанд ва пешбинӣ мешавад то поёни имсол ин теъдод ба 60 ҳазор ширкат бирасад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар сояи паёмадҳои иқтисодии вайронгари ҷанги Ғазза барои режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба кампайни бузурге, ки аз моҳҳои ибтидоии ин ҷанг барои таҳрими ишғолгарон дар саросари ҷаҳон ба роҳ афтод, рӯзномаи исроилии “Maariv” фош кард, ки аз замони оғози ҷанг дар 7 октябри 2023 токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ бар асари паёмадҳои ҷанг ва инзивои байналмилалии Исроил, таътил шудаанд.
То поёни сол 60 ҳазор ширкати исроилӣ таътил мешаванд
Ин расонаи саҳюнистӣ дар гузорише таъкид кард: тибқи додаҳои ширкати иттилооти тиҷории “Coface Bdi”, ки ба муддати 35 сол аст иттилооти тиҷориро барои мудирияти риски эътиборӣ ироа мекунад ва мутахассис дар таҷзия, таҳлил ва табақабандии ҳамаи ширкатҳо ва муассисоти иқтисодии Исроил аст, токунун 46 ҳазор ширкати исроилӣ аз ибтидои ҷанги Ғазза таътил шудаанд ва пешбинӣ мешавад, ки ин теъдод то поёни соли ҷорӣ ба 60 ҳазор ширкат бирасад. https://tajikpress.com/2024/07/15/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев