Дар ҷараёни нишастҳои Санк-Петербурги Русия, илова бар баргузории даҳумин нишасти руасои порлумонҳои аъзои БРИКС, ки бо судури баёния ҳамроҳ буд, сухангӯҳои вузарои умури хориҷаи ин иттиҳодия низ барои ҳамоҳангии бештари мавозеи худ дар арсаи сиёсати хориҷӣ нишасти вижа баргузор карданд.
Мақомҳои аршади порлумонии кишварҳои узви гуруҳи БРИКС дар баёнияи поёнии даҳумин нишасти худ дар Санкт-Петербург зимни ибрози нигаронӣ дар бораи таъсири манфии иқдомоти қаҳрии якҷониба, ки бо маншури Созмони Милали Муттаҳид мутобиқат надорад, мухолифати худро бо таҳримҳои якҷониба эълом карданд.
Дар баёнияи поёнии ин иҷлос, ки бо ҳузури Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва дигар руасои маҷолиси кишварҳои узви БРИКС дар Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, омадааст: Мо нисбат ба истифода аз иқдомоти қаҳрии якҷониба, ки бо усули маншури Созмони Милали Муттаҳид муғойир аст ва таъсири манфӣ бар рушди иқтисодӣ, тиҷорат, энержӣ, саломат ва амнияти ғизоӣ, ба вижа дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа дорад, ибрози нигаронӣ мекунем.
Ҳамчунин мақомоти аршади порлумонии БРИКС дар баёнияи поёнии нишасти худ ҳимояти худро аз созукори тиҷорати чандҷониба, шаффоф, мунсифона, фарогир, одилона, бидуни табъиз ва мубтанӣ бар қавонин, ки бо нақши меҳварии Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва бо нигоҳи вижа ба кишварҳои дар ҳоли тавсеаву камтар тавсеаёфта ба унвони асли асоси ин созмон фаъолият кунад, иброз карданд. https://tajikpress.com/2024/07/15/%d0%b2%d1%83%d1%80%d1%83%d0%b4%d0%b8-%d0%b1%d1%80%d0%b8%d0%ba%d1%81-%d0%b1%d0%b0-%d0%b0%d1%80%d1%81%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%ba%d0%be%d1%80/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев