Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:30
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:20

Сокинони Бохтар якшабонарӯз беоб мемонанд.

Бо сабаби азнавсозии шабакаҳои магистралии обу канализатсия интиқоли оби нӯшокӣ дар чанде аз маҳаллаҳои Бохтар аз соати 8:00 -и рӯзи 18 июл то соати 10:00 -и рӯзи 19 июл қатъ мегардад.
Дар ин бора Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр хабар дод.
Маъмурияти ин корхона аз сокинон дархост кард, ки барои якшабонарӯз об захира кунанд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Машқҳои байналмилалии "Бирлестик-2024" дар Қазоқистон ба поён расид.

Раҳбарияти низомии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барои мушоҳидаи охирин қисмати тамринҳо ба Кейп Токмак дар баҳри Хазар омаданд.
Видео: Вазорати мудофиаи Озарбойҷон
00:59
Қазоқистон
79 просмотров
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

Дар Восеъ бар асари заҳролудшавӣ як нафар ҳалок ва 4 тани дигар бистарӣ шуданд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсов бо аломатҳои заҳролудшавӣ бистарии беморхонаи марказии ноҳия шуданд, хабар медиҳад Рӯзномаи “Хатлон”.
Манбаъ аз қавли сардухтури беморхона Иброҳимзода Сарахон хабар дод, ки онҳо аз истеъмоли маводи дорувории селитра заҳролуд шуданд.
“Айни замон барои беҳтар шудани вазъи саломатии онҳо табибон кӯшиш намуда истодаанд”, - навиштааст рӯзнома.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:05

Дар Суғд тайи ним соли гузашта 255 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст.

Ба иттилои идораи омори вилоят, қариби 71%-и манзили истиқоматӣ аз ҷониби сокинони қаторӣ, ҳудуди 23% аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва беш аз 6% аз сӯи ширкатҳо сохта шудааст.
Дар маҷмуъ барои бахши иҷтимоӣ зиёда аз 824 млн сомонӣ ҷудо шудааст, ки асосан барои макотиб, беморхонаҳо ва дигар иншоот равона гардидааст.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:13

Савдои нимсолаи хориҷии Тоҷикистон қариби 4,5 млрд доллар шуд.

Додугирифти хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 31% зиёд шудааст, бармоеяд аз маълумоти оморӣ.
Тайи ин муддат Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон додугирифт дошта, Русия аз рӯи ҳаҷм (https://t.me/Sputnik_Tajikistan/27811) дар сархат қарор гирифтаст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:25

Қимати газу бензин дар Суғд боло рафт.

Нархи литри гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон ҳудуди 1 сомонӣ боло рафта, ба 6,2 сомонӣ баробар шудаст.
Арзиши бензин ҳам то 0, 2 сомонӣ боло рафта, ба 10,2 сомонӣ баробар шудааст.
Фурӯшандаҳо инро ба боло рафтани арзиши воридотии маводи сӯхт рабт дода, изҳор медоранд, ки дар бозори яклухтфурӯшӣ ҳар кило гази моеъро 12 сомонӣ ва ҳар литри бензинро бо нархи 9 сомонӣ мехаранд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:50

Сомонаи президенти Тоҷикистон баъди 12 сол навсозӣ шуд.

Онро мутахассисони дохилӣ таҳия карда, бо 4 забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ иттилоъ пешниҳод мекунад.
Бахши "Нома ба Президент" барои робитаи мустақиму бевоситаи роҳбари давлат бо истифодабарандагони ин саҳифаи интернетӣ ва умуман мардуми кишвар пешбинӣ шудааст.
Бори аввал сомонаи президент соли 2005 таҳия гардида, соли 2012 навсозӣ шуда буд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

Forbes: Русия ба кишвари дорои зиёдтарин тӯпхона дар ҷаҳон табдил ёфт.

Сарфи назар аз изҳороти Киев ва як қатор кишварҳои ғарбӣ дар соли аввали амалиёти вижаи низомӣ, ки артиши Русия ба камбуди снарядҳо дучор шудааст, Русия дар ду сол аз ҳар гуна артиши ҷаҳон бештар артиллерия ба даст овард.
Аз ҷумла тӯпхонаҳои Русия се маротиба бештар аз артиши ИМА мебошанд, таъкид мекунад Forbes.
Таъкид шудаст, ки кишвар шабакаи боэътимоди таъминот таъсис дода, дар як моҳ то 250 ҳазор снаряд истеҳсол мекунад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:25

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии “STEM” 5 медал гирифтанд.

Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Ҳоланд миёни хонандагони 70 кишвари дунё баргузор гардид.
Тоҷикистонро хонандагони муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифӣ карданд, иттилоъ дод Вазорати маориф.
Манбаъ афзуд, хонандагони тоҷик се медали биринҷӣ аз фанни математика ва 2 медали биринҷӣ аз фанни табиатшиносӣ гирифтанд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:00

Сармоягузории мутақобила кишварҳои узви ИИАО беш аз ду баробар афзудаст.

Ҳаҷмашон дар соли 2023 зиёда аз 4,2 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл қариби 2,3 млрд бештар аст, иттилоъ дод Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Афзоиши калонтарин дар Қазоқистон сабт шудаст, ки беш аз 1,3 млрд доллар зиёд шудаст. Русия ҳамчунон сармоягузори асосӣ (беш аз 2,2 млрд доллар) ва қабулкунандаи сармоягузорӣ (1,9 млрд доллар) дар ИИАО боқӣ мемонад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:20

Душанбе дар Рӯзи ҷаҳонии шоҳмот Ҷоми “Коиноти нав” баргузор мекунад.

Мусобиқи мазкур рӯзҳои 20-21 июл дар меҳмонхонаи “Румӣ” баргузор мешавад.
Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ҳамчунин ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла ғолибони медали тило – 3000 сомонӣ, нуқра – 2500 ва биринҷӣ – 2000 сомонӣ мегиранд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:46
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:08

Беш аз 300 сармоягузори дохилию хориҷӣ дар ҳамоиши "Помиринвест-2024" иштирок хоҳад кард

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, ҳамоиш 26 июли соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ дар назар аст.
Ҳадафи форум ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба ВМКБ, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкории корхонаҳою минтақаҳои ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:59

📹Дар Бохтар бо харҷи 9 млн доллар дурбинҳои назоратӣ насб мешаванд.

Ҳадафи татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" дар маркази Хатлон таъмини тартибот арзёбӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки тарҳ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида, дар доираи он назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милиса ва ғайра дар назар аст.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:32

Трамп гуфт, ки ҷонибдори таҳримҳои зидди Русия нест.

"Ман таҳримҳоро дӯст намедорам, онҳо танҳо ҳамаро аз мо дур мекунанд", - гуфт ӯ ба Bloomberg дар шарҳи сиёсати кунунии Вашингтон нисбати Маскав.
Номзад ба мақоми президентии ИМА гуфт, ки вай дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Русия дар доираи созиш барои хатми низоъ дар Украина фикр мекунад.
Трамп ёдовар шуд, ки ӯ ҳамеша бо Путин забон ёфтан метавонист.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:03

📊Додугирифти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсола ба 273 млн доллар расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тиҷорат миёни ду кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 50 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии савдо содирот ба Ӯзбекистон қариби 76 млн доллар ва воридот аз он 197 млн долларро ташкил додаст.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:30

Лавров дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ аз низоми нави ҷаҳонӣ ва иқдоми Маскав барои эътидоли вазъ гуфт

Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки БРИКС ва СҲШ дар бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ нақши рӯзафзун мебозанд.
Сергай Лавров инчунин гуфт:
▪ Асосҳои тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ мавриди озмоиш қарор доранд.
▪ НАТО аз ҷанге, ки дар Киев оғоз кардааст, қаноатманд нест, Иёлоти Муттаҳида шиддати вазъиятро идома медиҳад.
▪ Ғарб ба хотири боздории Русия ва Чин низоми ҷаҳонишавиро, ки аз рӯи намунаҳои худаш сохта шудааст, мешиканад.
▪ Дигар кишварҳо аз амалияи неоколониалистии кишварҳои ғарбӣ зарар мебинанд.
▪ Русия омода аст барои ба эътидол овардани вазъ як қатор иқдомро пешниҳод кунад.
▪ У
00:29
Лавров
72 просмотра
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:02

Нархи рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон поин рафт.

Тафсилоти нархи се асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 16 июля в 20:40

Ҳукумати Тоҷикистон рушди сайёҳиро аз самтҳои афзалиятноки кораш қарор додаст.

Бо вуҷуди дастовардҳо дар ин самт, камбудиҳое низ ҷой доранд.
Суръати интернет, камбуди барқ, расмиёти барзиёд аз ҷумлаи омилҳое гуфта мешаванд, ки бояд беҳбуд ёбанд. Бурду бохти бештари бахши сайёҳии Тоҷикистон дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan.
  • Класс!2
Показать ещё