Обсуждаемые темы

Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 2 октября в 18:10

Домод арӯсашро на бо мошин, балки бо ҳавопаймо бурд.

Ҳодисаи ғайричашмдоштро яке аз мусофирони ҳавопаймои ширкати "Победа" сабт намуд.
Дар дохили ҳавопаймо арӯсу домод аз Тоҷикистон қарор доранд ва шояд пас аз анҷоми тӯй аз Маскав ба Тюмен парвоз доранд.
Экипажи ҳавопаймо навхонадоронро бо рӯзи тӯяшон табрик кард ва сарнишинон ба ифтихори онҳо кафкӯбӣ карданд.
00:37
домоду арӯс
66 693 просмотра
  • Класс!711
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 2 октября в 16:16

Барои сабти номи қалбакии хориҷиён дар Русия то 60 млн рубл ҷарима таҳдид хоҳад кард.

Думаи давлатии Русия тарҳеро баррасӣ хоҳад кард, ки муҷозот барои чунин "хизматрасонӣ"-ро сахттар мекунад.
"Дар лоиҳаи қонун пешниҳод карда мешавад, ки барои шахсони ҳуқуқӣ барои тақаллуби ҳуҷҷат бо мақсади ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҷозотҳои шадидтар муқаррар карда шавад", - омадааст дар тавзеҳот.
Барои сабти номи қалбакии хориҷиён дар Русия то 60 млн рубл ҷарима таҳдид хоҳад кард. - 957352015515
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 2 октября в 16:02

Пешравии нерӯҳои Русия дар Донетск идома дорад.

Ин дафъа нерӯҳои мусаллаҳи Русия деҳаи Верхнекаменское дар Ҷумҳурии халқии Донетскро озод карданд, хабар медиҳад Вазорати мудофиа.
Пешравии нерӯҳои Русия дар  Донетск идома дорад. - 957356013211
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 28 сентября в 23:33

Сокинони рустоҳои Суғд шабонарӯз ҳамагӣ 9 соат барқ мегиранд.

Пас аз эълони маҳдудияти интиқоли барқ аз сӯи “Барқи тоҷик” рустоҳои вилояти Суғд шаш соат шом ва се-чор соат саҳар барқ мегиранду халос.
Дар ҳамин ҳол як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан гуфт, бо сард шудани ҳаво реҷаи барқрасонӣ бештар хоҳад шуд.
“Ҳоло мо коргоҳҳои саноатӣ ва барои ба иҷро расонидани корҳои саҳроӣ пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудиро пурра бо барқ таъмин намудаистодаем.Баъди ба анҷом шудани корҳои саҳроӣ ва сард шудани ҳарорат аҳолӣ бо реҷаи бештар бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.
Сокинони рустоҳои Суғд шабонарӯз ҳамагӣ 9 соат барқ мегиранд. - 957198972571
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 28 сентября в 03:46

Толибон* сари муҷассамаҳоро буриданд.

"Пулиси ахлоқ" дар Афғонистон мубориза бо "тасвирҳои ғайри қобили қабул"-ро ​​оғоз карда, сарҳои ҳатто муҷассамаҳои ҳайвонотро буриданд. Ба монанди ин акси фаввора, ки дар Ҳирот гирифта шудаст.
*-Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Толибон* сари муҷассамаҳоро буриданд. - 957218796443
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 27 сентября в 15:42

Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд

Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст, иттилоъ дод дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуд, ки вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.
Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.
    Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд - 957222361755
    Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд - 957222361499
    Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд - 957222361243
    Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд - 957222360987
    Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонӣ дар "Роғун" ба истифода дода шуданд - 957222360731
  • Класс!7
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 26 сентября в 18:08

Собиқ вазири маҳкумшуда Бишимбоев ба хонаводаи Салтанат Нукенова пули калон пардохт мекунад.

Бо қарори суд, маҳкумшуда ба бародари ҳамсари марҳумаш товони зарари моддию маънавӣ медиҳад.
➖ ҳароҷоти парвандаи ҷиноӣ - 6,9 миллион теңге (тақрибан 14 ҳазор доллар)
➖ зарари маънавӣ – 10 миллион тенге (21 ҳазор доллар)
Ёдовар мешавем, ки вазири собиқ Бишимбоев барои шиканҷа ва куштори ваҳшиёнаи ҳамсараш Салтанат Нукенова ба 24 соли зиндон маҳкум шуд.
    Собиқ вазири маҳкумшуда Бишимбоев ба хонаводаи Салтанат Нукенова пули калон пардохт мекунад. - 957202368667
    Собиқ вазири маҳкумшуда Бишимбоев ба хонаводаи Салтанат Нукенова пули калон пардохт мекунад. - 957202368411
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 23 сентября в 12:43

🎦 Раванди ихроҷи муҳоҷирон аз Русия минбаъд дар навор сабт мешавад.

Дар бораи ҳамин гуна қарори Хадамоти федеролии иҷрочиёни судӣ "Рӯзномаҳои парлумонӣ" хабар дод.
Иҷрочиёни суд дар бораи наворбардорӣ пешакӣ огоҳ карда, сабтҳо дар хазина нигоҳ дошта мешаванд. Тибқи нақшаи ниҳод, ин барои пешгирӣ аз содир кардани ҷиноят аз суи хориҷиён ва сӯиистифода аз қудрат аз ҷониби мансабдорон мусоидат мекунад.
🎦 Раванди ихроҷи муҳоҷирон аз Русия минбаъд дар навор сабт мешавад. - 957110100379
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 21 сентября в 20:55

Дар Ӯзбекистон бар сари хару хӯрдани гӯшташ баҳс сар зад.

Хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё палатаи қонунгузор лоиҳаи қонунеро қабул кардааст, ки ин ҳайвонҳоро ба рӯйхати ҳайвоноти ғизоӣ дохил мекунад.
Аммо муовини раиси порлумон Одилҷон Тоҷиев тавзеҳ дод, ки санади мавриди баррасӣ дар бораи гӯшт не, балки дар бораи бақайдгирӣ ва ҳисоби ин ҳайвонот мебошад.
Дар Ӯзбекистон бар сари хару хӯрдани гӯшташ баҳс сар зад. - 956954942363
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
последний комментарий 19 сентября в 21:12

Дар Тоҷикистон хисорот аз фасод афзоиш меёбад.

Аар дар тамоми соли гузашта 345,4 млн сомонӣ ба хазина баргардонида шуда бошад, пас аз аввали соли 2024 ин рақам аллакай 333 млн -ро ташкил медиҳад, гуфт сардори Раёсати мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.
Дар Тоҷикистон хисорот аз фасод афзоиш меёбад. - 956996356251
  • Класс!1
Показать ещё