Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:01

Машқҳои тирамоҳии СПАД дар Тоҷикистон алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст.

Айнан ҳамин чиз ба машқҳое, ки дар Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд, дахл дорад.
Дар ин бора дар брифинг сардори ситоди муштараки созмон Андрей Сердюков изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин чорабиниҳо ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:10

Дар Душанбе ду амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ гузаронда шуд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҷарроҳиро пизишкони тоҷику эронӣ анҷом доданд ва ҳолати беморон пас аз амалиёт хуб арзёбӣ мешавад.
Зикр гардид, ки ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 ва ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳамроммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.
Бояд гуфт, солҳои пеш дар Тоҷикистон ингуна ҷарроҳиҳо гузаронда намешуд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:34

Раҳмон беш аз 200 нафар одамони касбу кори гуногунро қадрдонӣ кард.

Дафтари матбуоти роҳбари давлат танҳо шумораи унвону ҷоизаҳои супурдаро зикр намуда, ному насаби гирандагонро нагуфт.
Ҳамин тариқ, 27 нафар унвонҳои шоиру нависанда, ҳунарпеша ва корманди шоистаи Тоҷикистон гардида, 16 кас бо ордени Шараф мукофотонида шуданд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:50

Дар парвандаи Крокус боз номи 5 муттаҳами нав баромад.

Инҳо Гадоев Ш.Н., Исмоилов З.А., Солиевҳо М.А ва У.А ва Ҳамидов Х.А мебошанд.
Муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ва сӯиқасд ба куштор, ширкат дар созмони террористӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда муттаҳам мешаванд.
Дафтари матбуоти додгоҳи Маскав хабар дод, ки ҳабси онҳо то моҳи декабр тамдид шудааст.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:15

Русия метавонад барои муҳоҷирон имтиҳони амалии ронандагӣ ҷорӣ кунад.

Гап сари муҳоҷироне меравад, ки дар таксӣ кор кардан мехоҳанд. Пешниҳоди мазкурро Ҳизби либерал-демократи Русия ироа намуд ва интизор меравад имрӯз онро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунанд.
Ба таъкиди ин ҳизб давоми сол шумораи садамаҳои марговар бо иштироки ронандаҳои муҳоҷир 24% афзоиш ёфтааст, бинобар ин, талаботҳои нав бояд ба ислоҳи вазъ мусоидат кунанд, бовар доранд намояндагони ҳизби мазкур.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:19

Беҳтарин духтурони амрози уфунӣ дар Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Мукофот ба табибони шаҳри Хуҷанд, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба ошкор ва табобати бемории сил гардидаанд, супурда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ба мутахассисони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор сомонӣ дода шуд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:05

Дар Хатлон наздики ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шуд.

Ин миқдор пахт ба нуқтаҳои қабули ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва дигар ноҳияҳои вилоят супурда шуд, мегӯяд ҳукумати Хатлон.
Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор га зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Имсол мувофиқи нақша ҷамъоварии зиёда аз 430 ҳазор тон пахта пешбинӣ шудааст.
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:06

Муассиси Telegram аз толори додгоҳ ба ивази 5 миллион евро гарав озод карда шуд.

Аммо Дуров наметавонад Фаронсаро тарк кунад ва ҳамчунин бояд ҳафтае ду маротиба ба полис хабар диҳад.
Ӯ дар 12 ҷиноят, аз ҷумла идораи платформаи онлайн барои анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад.
Барои ин ба ӯ метавонад то 10 соли зиндон таҳдид кунад.
00:34
Павел Дуров
176 просмотров
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:05

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИИАО шароити баробар ва ягона фароҳам шудааст

Ин нуктаро Олтинай Омурбекова, мудири департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид намуд.
Манбаъ афзуд, ки дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тақрибан як млн нафар берун аз кишварашон кор мекунанду шароити якхела доранд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Русия дубора шакарро берун аз қаламрави ИИАО содир хоҳад кард

Манъи муваққатии содирот барои нигоҳ доштани пешниҳод дар бозори дохилӣ аз май то 31 август ҷорӣ карда шуда буд.
"Ҳеҷ гуна тамдиди маҳдудиятҳо дар содироти қанди най ё лаблабу ва сахарозаи аз ҷиҳати кимиёвӣ тоза пешбинӣ нашудааст", - шарҳ дод хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Русия.
Дар баробари ин, тасмимҳои минбаъда бо тамоми аъзои иттиҳодия мувофиқа карда мешаванд, шарҳ доданд дар Вазорат.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:05

Музокироти якҳафтаинаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон анҷом ёфт

Аз 22 то 28 август дар Тирмиз гурӯҳҳои кории назди Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳо барои мувофиқаи гузариши хатти лоиҳавии сарҳадиро идома доданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, протокол имзо шуд, таъкид намуд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Мулоқоти навбатӣ дар Тоҷикистон дар назар аст, афзуд манбаъ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:41

Ҳудуди 300 ширкати эронӣ дар ҳамоиши тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё иштирок хоҳанд кард

Дар ин бора раиси Созмони рушди тиҷорати Эрон, Маҳдӣ Зейғамӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки ҳамоиши тоҷирони Эрон ва ИИАО дар Арманистон рӯзҳои 30-31 сентябр дар назар аст.
Вай аз таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИИАО зикр намуда, афзуд, ки ҳаҷми содироти Эрон ба кишварҳои узви созмон 138% афзоиш ёфтааст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:05

"Сино медикал" дар Истаравшан истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравиро ба роҳ мондаст

Барои бунёди ин корхона беш аз 10 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шуда, солона то 60 млн дона сӯзандоруи яккарата ва 5 млн дона системаи қатравӣ тавлид мекунад.
Бо оғози фаъолияти ин корхона воридоти ин навъи маҳсулот кам гардида, дар корхона дар се баст беш аз 120 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд, иттилоъ дод мақомоти Суғд.
  • Класс!7
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:05

Қазоқистон ҳавасманди хариди нерӯи тавлидотии НБО "Роғун" мебошад

Ин нукта дар мулоқоти вазири энержии Қазоқистон, Алмасадам Сатқалиев бо ноиби нахуствазири Тоҷикистон, Усмоналӣ Усмонзода таъкид шуд.
Ҷонибҳо меъёрҳои техникӣ ва шартҳои тиҷоратии содироти эҳтимолии нерӯи барқ ​​аз НБО «Роғун» ба Қазоқистонро бо дарназардошти мавҷудияти имкониятҳои техникӣ ва мувофиқашудаи транзит тариқи Ӯзбекистон баррасӣ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ёддошти тафоҳум дар ин бора ҳанӯз соли 2023 имзо шуда буд, иттилоъ дод Вазорати энержии Қазоқистон.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:05

Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро доварӣ мекунад

Довари тоҷики ФИФА якҷо бо дастааш дар гурӯҳи "С" бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудиро, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.
Ба довари 33-сола дар майдон ҳамватанонаш, ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кумак мекунанд, иттилоъ дод ФФТ.
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Милиса дар Тоҷикистон минбаъд муштариёни фолбину ҷодугаронро рӯйхату муҷозот мекунад

ВКД бо нашри ҳушдор ба мухлисони сеҳру ҷоду таъкид намудаст, ки дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос сабт гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.
Шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, онҳо низ ба мақомоти милиса даъват гардида, нисбаташон мавод тартиб дода мешаваду, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд, афзуд ин ниҳод.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:05

Сукерберг сензура ва фишори Кохи Сафедро эътироф кард

Пас аз боздошти Павел Дуров, Марк Сукерберг иқрор шуд, ки ширкати ӯ дар як вақт ба таҳдидҳои маъмурияти Байден итоат кардааст.
Дар як нома ба Конгресси ИМА ӯ гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо, ки ба ӯ тааллуқ доранд, мундариҷаи муайяни COVID-19 ва ҷанҷолҳои марбут ба писари Байденро сензура кардаанд, ки ба гуфтаи ФБР таблиғоти Русия аст.
"Ман бовар дорам, ки фишори ҳукумат нодуруст буд... Пас аз он маълум шуд, ки ин гузориш маълумоти бардурӯғи Русия набуд ва мо набояд сатҳи паҳнсозии ин хабарро паст мекардем", - навиштааст ӯ.
Пас аз боздошти Дуров, бисёриҳо ӯро бо Сукерберг муқоиса карданд ва изҳор доштанд, ки охирин бо мақомот
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:05

Собиқ ҷосуси Амрико аз амали артиши Русия тавсиф карду аз оқибати ҳамла ба Курск ҳушдор дод

Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро барои ҳамла ба вилояти Курск пардохти баҳои сангине интизор аст, гуфт Скотт Риттер.
Собиқ афсари иктишофии амрикоӣ ва собиқ нозири СММ қайд кард, ки артиши Русия дар ин самт натиҷаҳои хуб нишон медиҳад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:05

Эҳтимол обилаи маймун алакай ба Афғонистон расидааст

Нашрияи "Иттилооти рӯз" менависад, волидайне, ки фарзандонашон аломатҳои шабеҳи бемории обилаи маймун доранд, ба пизишкон дар Кобул ва вилояти Пактиё муроҷиат кардаанд.
Вазорати тандурустии Толибон* то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст.
*- Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:05

Дар кӯли Сарез дастгоҳҳои ҷадиди алоқаи фаврӣ насб карда мешаванд

Ба иттилои КҲФ, ин ниҳод дастгоҳҳои ҷадиди алоқа ва назорати видеоиро дастрас кард, ки барои ташкили Низоми ягонаи тамос кор бурда мешаванд.
Дастгоҳҳо дар раёсатҳои вилоятӣ ва кӯли Сарез насб мегарданд, афзуд манбаъ.
  • Класс!0
Показать ещё