Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:05

Дар Душанбе қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ оғоз шуд, ки ду рӯз идома хоҳад дошт

Дар доираи он беш аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон дар 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон зӯр хоҳанд озмуд.
Сандуқи ҷоизаҳои ин қаҳрамонии ҷаҳон 400 ҳазор доллар буда, ба ғолибон 20 ҳазор доллар, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор ва медали биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим мешавад.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:03

Толибон* ният доранд, ки системаҳои дифои ҳавоии Русияро харидорӣ кунанд.

Сардори шӯъбаи таъминоти Вазорати дифои Толибон* Сайид Абдул-Басир Собирӣ гуфтаст, системаҳои дифои ҳавоии Русияро беҳтарин дар ҷаҳон мешуморад ва дар сурати фароҳам шудани шароит аз он харидорӣ мекунад.
Собирӣ аз Афғонистон ихроҷ шудани НАТО-ро пирӯзии умумӣ номида, илова намудаст, ки дар доираи амалиёти вижаи Русия низ онҳо шикаст хоҳанд хурд.
*- Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:59

Тоҷикистон хароҷот барои пардохти маош дар соли 2025-ро ҳудуди 35% зиёд карданист

Бар асоси пешнависҳои иқтисодию молиявӣ барои соли оянда, дар назар аст, барои пардохти музди меҳнат қариби 13 млрд сомонӣ равона карда шавад.
Ин нисбати нишондоди тасдиқшудаи буҷаи соли равон ҳудуди 3,4 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:05

Эмомалӣ Раҳмон агрегати навсозишудаи 4-уми нерӯгоҳи "Норак"-ро ба истифода дод

Зикр шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии нерӯгоҳи обии "Норак" соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми он беш аз 35 млн евро равона карда шуд.
Иқтидори тавлиди гидроагрегати чорум баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба зиёда аз 8,2 млн кВт дар соат расонда шуд, афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳур.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:05

Дар Душанбе суруду оҳангҳои маъруфи роки русӣ иҷро шуданд

Консерт дар шакли "микрофони озод" дар "Фазои русӣ"-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор гардида, ҳар нафар имкон дошт, осори рокро бихонад ё навозад.
Ҳамчунин, бо дастгирии "Хонаи русӣ" дар Душанбе ва ширкати "Сиёма" як тарҳи нави мусиқии "НейроКлассика" муаррифӣ шуд.
Бо истифода аз шабакаҳои нейрон, оҳанги роки вазнин дар асоси шеърҳои Пушкин таҳия карда шуд, ки мавзӯи баҳсро барои навозандагони касбӣ дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ дар эҷод, фароҳам овард.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:03

Қурби рубл, доллар ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон поин рафт

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қимати сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ боло рафт. Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Дар Тоҷикистон СПАД дар мубориза бо таҳдидҳои беруна кор хоҳад кард.

Дар чаҳорчӯби тамрини “Рубеж-2024” дар нимаи моҳи октябр амалиёти мухталиф анҷом хоҳад шуд.
Дар ин бора сардори ситоди муштараки ин созмон генерал-полковник Андрей Сердюков хабар дод.
Вай афзуд, ки машқҳо дар манотиқи биёбонии кӯҳӣ анҷом хоҳанд шуд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:05

Дар ИИАО саноати сабукро инкишоф додан лозим аст.

Дар ин бора муовини директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Ин самти афзалиятнок дар рушди ҳамкории саноатӣ миёнӣ миёни аъзоёни иттиҳодия боқӣ мемонад, шархҳдод Георгий Арзуманян.
"Аммо як қатор мушкилот, аз қабили таъмини ашёи хом, ба роҳ мондани истеҳсоли нах ва риштаҳои кимиёвӣ, набудани истеҳсоли таҷҳизоти асосӣ ва маводи ёрирасон дар қаламрави ИИАО вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:15

Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис баргузор мегардад.

Шабакаи иҷтимоии марбут ба шаҳрдори пойтахт хабар дод, ки аз 1 то 7 сентябр Душанбе мизбони мусобиқаи бузурги варзишӣ – теннис байни ҷавонон мешавад.
Гуфта мешавад, ғолиби мусобиқа Ҷоми президенти Тоҷикистонро мегирад.
Интизор меравад, дар ин мусобиқа варзишгарон аз 20 кишвари дунё иштирок мекунанд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:01

Машқҳои тирамоҳии СПАД дар Тоҷикистон алайҳи кишварҳои дигар нигаронида нашудааст.

Айнан ҳамин чиз ба машқҳое, ки дар Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор мешаванд, дахл дорад.
Дар ин бора дар брифинг сардори ситоди муштараки созмон Андрей Сердюков изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин чорабиниҳо ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Дар Душанбе ду амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ гузаронда шуд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҷарроҳиро пизишкони тоҷику эронӣ анҷом доданд ва ҳолати беморон пас аз амалиёт хуб арзёбӣ мешавад.
Зикр гардид, ки ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 ва ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳамроммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.
Бояд гуфт, солҳои пеш дар Тоҷикистон ингуна ҷарроҳиҳо гузаронда намешуд.
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:34

Раҳмон беш аз 200 нафар одамони касбу кори гуногунро қадрдонӣ кард.

Дафтари матбуоти роҳбари давлат танҳо шумораи унвону ҷоизаҳои супурдаро зикр намуда, ному насаби гирандагонро нагуфт.
Ҳамин тариқ, 27 нафар унвонҳои шоиру нависанда, ҳунарпеша ва корманди шоистаи Тоҷикистон гардида, 16 кас бо ордени Шараф мукофотонида шуданд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:50

Дар парвандаи Крокус боз номи 5 муттаҳами нав баромад.

Инҳо Гадоев Ш.Н., Исмоилов З.А., Солиевҳо М.А ва У.А ва Ҳамидов Х.А мебошанд.
Муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ва сӯиқасд ба куштор, ширкат дар созмони террористӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда муттаҳам мешаванд.
Дафтари матбуоти додгоҳи Маскав хабар дод, ки ҳабси онҳо то моҳи декабр тамдид шудааст.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:15

Русия метавонад барои муҳоҷирон имтиҳони амалии ронандагӣ ҷорӣ кунад.

Гап сари муҳоҷироне меравад, ки дар таксӣ кор кардан мехоҳанд. Пешниҳоди мазкурро Ҳизби либерал-демократи Русия ироа намуд ва интизор меравад имрӯз онро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунанд.
Ба таъкиди ин ҳизб давоми сол шумораи садамаҳои марговар бо иштироки ронандаҳои муҳоҷир 24% афзоиш ёфтааст, бинобар ин, талаботҳои нав бояд ба ислоҳи вазъ мусоидат кунанд, бовар доранд намояндагони ҳизби мазкур.
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:19

Беҳтарин духтурони амрози уфунӣ дар Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ гирифтанд.

Мукофот ба табибони шаҳри Хуҷанд, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба ошкор ва табобати бемории сил гардидаанд, супурда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ба мутахассисони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 9 ҳазор сомонӣ дода шуд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:05

Дар Хатлон наздики ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ шуд.

Ин миқдор пахт ба нуқтаҳои қабули ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва дигар ноҳияҳои вилоят супурда шуд, мегӯяд ҳукумати Хатлон.
Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол майдони кишти пунбадона 8,6 ҳазор га зиёд шуда, 175 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Имсол мувофиқи нақша ҷамъоварии зиёда аз 430 ҳазор тон пахта пешбинӣ шудааст.
  • Класс!7
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:06

Муассиси Telegram аз толори додгоҳ ба ивази 5 миллион евро гарав озод карда шуд.

Аммо Дуров наметавонад Фаронсаро тарк кунад ва ҳамчунин бояд ҳафтае ду маротиба ба полис хабар диҳад.
Ӯ дар 12 ҷиноят, аз ҷумла идораи платформаи онлайн барои анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад.
Барои ин ба ӯ метавонад то 10 соли зиндон таҳдид кунад.
00:34
Павел Дуров
274 просмотра
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 28 августа в 19:05

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИИАО шароити баробар ва ягона фароҳам шудааст

Ин нуктаро Олтинай Омурбекова, мудири департаменти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид намуд.
Манбаъ афзуд, ки дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тақрибан як млн нафар берун аз кишварашон кор мекунанду шароити якхела доранд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 28 августа в 18:05

Русия дубора шакарро берун аз қаламрави ИИАО содир хоҳад кард

Манъи муваққатии содирот барои нигоҳ доштани пешниҳод дар бозори дохилӣ аз май то 31 август ҷорӣ карда шуда буд.
"Ҳеҷ гуна тамдиди маҳдудиятҳо дар содироти қанди най ё лаблабу ва сахарозаи аз ҷиҳати кимиёвӣ тоза пешбинӣ нашудааст", - шарҳ дод хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии Русия.
Дар баробари ин, тасмимҳои минбаъда бо тамоми аъзои иттиҳодия мувофиқа карда мешаванд, шарҳ доданд дар Вазорат.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 28 августа в 17:05

Музокироти якҳафтаинаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон анҷом ёфт

Аз 22 то 28 август дар Тирмиз гурӯҳҳои кории назди Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон корҳо барои мувофиқаи гузариши хатти лоиҳавии сарҳадиро идома доданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, протокол имзо шуд, таъкид намуд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Мулоқоти навбатӣ дар Тоҷикистон дар назар аст, афзуд манбаъ.
  • Класс!0
Показать ещё