Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:05

Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои Ҷоми президент мешавад

Мусобиқа рӯзҳои 4-7 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони беш аз 15 давлат баргузори мешавад, иттилоъ дод дафтари матбуоти раиси Суғд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:05

Барномаи рушди Рашт қариби 80% иҷро шудаст.

Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 млн сомонӣ пешбинӣ гардидаст.
Корҳо дар 202 лоиҳа ба анҷом расонида шудаанд, ки 79%-и нақшаи барномаро ташкил медиҳад, иттилоъ доданд мақомот.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:05

Байден бовар дорад, ки ӯ ҳокими ҷаҳон, Сезар ё Қайсари муосир аст.

Инро роҳбари рок-гуруҳи Pink Floyd, Роҷер Уотерс баён дошт.
"Вай фикр мекунад, ки ИМА як империяи муосири Рум аст", - гуфт ӯ.
Қаблан, Уотерс пас аз он ки Байденро ҷинояткори ҷангӣ номид, зеро вай танҳо "ба оташи ҷанг дар Украина сӯзишворӣ меандозад".
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:05

Боздиди раисҷумҳури Тоҷикистон аз водии Рашт ба поён расид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 11 - 14 сентябр дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҷараён дошт.
Рӯзи 14 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи ноҳия фаъолону соҳибкорон гусел намуданд.
  • Класс!3
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:05

Раҳмон аз тоҷикистониён хост, захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ин нуктаро дар мулоқот бо сокинони Рашт баён дошта, аз хатарҳои муосир ҳушддордод.
Бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳони муосир, хусусан, тағйирёбии босуръати иқлим ва паёмадҳои ногувори он – камобиву хушксолии пайдарпай ва офатҳои табиӣ бояд ҳар як оила дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ бошад, гуфт ӯ.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:05

Ронандаҳои масти таксӣ дар Душанбе мояи нигаронии мақомоту мардум шудаанд

Идораи милиса пойтахт мегӯяд, вақтҳои охир вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт, аз ҷониби ронандагони мусофирбар бештар ба назар мерасад.
Қаблан ин ниҳод аз ронандагони таксӣ даъват намуда буд, ки қоидаҳои ҳаракатро риоян намоянд, чун ҳолатҳои садама, аз ҷумла маргбор иштироки ронандаҳои таксӣ рух дода истодаанд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:05

Сипоси президент ба оилаи Бобоҷоновҳо ва Ҷамолзодаҳо барои хайркорияшон

Кори савоб, садсолаҳо дуо мегиред – сипоси Раҳмон ба соҳибкороне, ки даҳҳо млнашонро хайр карданд.
Оилаҳои Муҳиб Бобоҷонов ва Баён Ҷамолзода ҳамроҳи фарзандонашон бо сарфи даҳҳо млн сомонӣ хатҳои об кашида, майдончаи варзишӣ, мактаб ва дигар иншооти зарурӣ бунёд кардаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори миннатдорӣ таъкид кард, ки савобу мартабаи ин корҳо дар қиёс бо зоҳирпарастӣ ҳазорҳо маротиба баландтар мебошад.
  • Класс!5
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 07:57

Дар Душанбе ҷашнвораи атласу адрас баргузор мешавад.

Чорабинӣ 19 сентябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар назар буда, дар баробари намоиш атласу адрас ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.
Ҳадафи ҷашнвора тарғиби либоси миллӣ ва тавсеаи истеҳсоли матоъҳои атласу адрас мебошад, иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:05

Дар Панҷакент ду мансабдорро барои нақзи Қонуни танзим ҷазо додаанд.

Онҳо раиси ҷамоати Косатароши ва як мансабдори Хадамоти иҷро будаанд, ки маъракаи “ҳоҷиошӣ” доир кардаанд.
Дар ин бора, Парвиз Амонзода, мудири бахши дин, танзими анъана дар шаҳр дар як матлабаш дар расонаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.
Барои ин кирдор раиси ҷамоат аз кор озод, алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз ва 57600 сомонӣ ҷарима шудааст. Мансабдори дуюми бошад, 40 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар Рашт мактаб сохту муҷаҳҳаз кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои мактаби №54-ро кушод, ки аз ҷониби ин оила бунёд шудааст.
Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонанд дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намоянд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳур.
  • Класс!27
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:25

Бонки марказии Федератсияи Русия меъёри асосии бозтамвилро аз 18% то 19% боло бурд

Ин баландтарин нишондод аз моҳи апрели соли 2022 аст, ки ин нишондиҳанда 20% буд.
Қурби рубл дар биржаи асъор акнун бояд мустаҳкам шавад ва пасандозҳои бонкӣ фоиданоктар шаванд, аммо дар айни замон ипотека ва қарзҳо гаронтар мешаванд.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:45

Чин низ "хатҳои сурх" дорад.

Сафири Чин дар Иёлоти Муттаҳида аз Вашингтон даъват кард, ки бо Пекин шӯхӣ накунад, менависад South China Morning Post.
"Ӯ мустақиман чаҳор "хати сурх"-ро дар муносибатҳои байни кишварҳо нишон дод", - менависад нашрия.
Нуқтаҳои ҳалкунанда Тайван, демократия, ҳуқуқи инсон ва озодии рушди Чин буданд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:45

🔮 Кортҳо, шамъҳо, ду пуфак.

Дар Душанбе як фолбини эҳтимолӣ барои дубора ба ҷодугарӣ машғул шудан боздошт шуд.
Ӯ мизоҷони хушбоварро дар хонааш қабул мекард ва ҳангоми боздошташ як коло, ки барои расму оинҳои ҷодугарӣ истифода мекард, мусодира шудааст, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт.
Ҳоло бар асоси қонунҳои нав, ин занро ҷаримаи сангин ва ҳатто зиндон интизор аст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:45

Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи "Мардуми минтақаҳои нав" ҷараён дорад.

Дафтари матбуоти Россотрудничество хабар дод, ки дар хонаи Русия намоишгоҳи аксҳо бахшида ба сокинони ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже намоиш дода шуд.
"Вуруди минтақаҳо ба Русия як марҳалаи нав дар таърихи кишвар аст",- гуфт, дар маросими ифтитоҳ Татяна Мудрова, раиси "Хонаи русҳо" дар Хуҷанд
Дар он ҷо шумо инчунин метавонед ҳикояҳои шахсиро хонед, ки дар он сокинони шаҳр дар бораи тағйироти мусбӣ пас аз ворид шудан ба Федератсияи Русия сӯҳбат мекунанд.
Намоишгоҳро то 20 сентябр тамошо кардан мумкин аст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:15

Беш аз 70 дарсади гардиши молии Тоҷикистон ба СҲШ рост меояд.

Дар ин бора раиси вазорати рушди иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти вазирони иқтисоди кишварҳои иттиҳод дар Исломобод хабар дод.
"Ҷумҳурӣ рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад", - шарҳ дод Завқӣ Завқизода.
Ҳаҷми умумии гардиши молии кишвар дар нимсолаи аввал ба 5 миллиард доллар расид, ки тибқи маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тотористон, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 27,2% зиёд аст.
  • Класс!0
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:45

Дар фурудгоҳи Новосибирск як шаҳрванди Тоҷикистон маҷбур шуд аз “бағоҷ”-и ғайриоддиаш ҷудо шавад.

Аз як мард як курсии сартарошхона бо вазни 53 кг гирифта шуд. Соҳибкор аз Душанбе онро барои толори зебоии шахсӣ интиқол медод, вале аз сабтиноми бор худдорӣ кардааст.
Нисбати мусофири ҳавопаймо парвандаи маъмурӣ боз шуда, бағоҷи ӯ мусодира шудааст.
Гап сари он аст, ки сайёҳон метавонанд танҳо барои эҳтиёҷоти шахсии вазнашон на бештар аз 50 кг бор кашонанд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:15

Дар Душанбе бори аввал қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо байни навҷавонон доир мешавад.

Он қарор аст, ки аз 2-юм то 6-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор шавад.
Ба гузориши Федератсияи байналмилалии ҷудо то кунун 310 варзишгар (173 писар ва 137 духтар) аз 49 кишвари 5 қораи олам номнавис шудаанд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 17 варзишгар ширкат мекунад.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:50

Тоҷикистон хостори сармоягузории Покистон ба соҳаи энергетика шуд

Ин масъала дар мулоқоти вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан баррасӣ шуд.
Завқизода аз ҳамтои худ хост, барои ҷалби сармояи Покистон ба сохтмону азнавсозии нерӯгоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштараки нассоҷӣ мусоидат намояд.
  • Класс!1
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:45

Тоҷикистон хостори сармоягузории Покистон ба соҳаи энергетика шуд.

Ин масъала дар мулоқоти вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода бо вазири тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хан баррасӣ шуд.
Завқизода аз ҳамтои худ хост, барои ҷалби сармояи Покистон ба сохтмону азнавсозии нерӯгоҳҳо барои истеҳсоли энергияи сабз ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштараки нассоҷӣ мусоидат намояд.
  • Класс!2
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:15

Британия Осиёи Марказиро бар зидди Русия истифода мебарад.

Хадамоти федералии амният, ФСБ-и Русия бо истинод ба асноди бойгонии дар ихтиёри хадамоти истихборот қарордошта Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Бритониёро дар як бозии стратегӣ алайҳи Русия муттаҳам кард.
Санади қайди чанд корманди шӯъбаи сиёсии сафорати Бритониё дар Маскав низ ба далели иттиҳоми ҷосусӣ қатъ карда шуд. Вазорати умури хориҷии Русия аз иттиҳомот ҷонибдорӣ кард.
  • Класс!0
Показать ещё