Нигоро номи ту оромбахши ҷисму ҷони ман !!
Нигоро ишқи ту эҳёгарӣ умри хазони ман !!
Ҳама субҳу ҳама рузу ҳама шому ҳама шабҳо,
Бувад номи ту эй дилхоҳ дар вирди забони ман!
Надонам, гар набуди ишқу ёди ту, чӣ мекардам,
Ба ёдат зиндагиям ҳаст зебо, дилситони ман!
Ҳамин номи туву ишқи туву ёди ту мебошад,
Мадору қуввату осоишу тобу тавони ман!
Хабар дорӣ чаро дирест дур аз шеъру эҷодам?
Ҳаметарсам, ки шояд ранҷи аз ҳарфу баёни ман!
Вале ин шом афтодам ба ёди дафтару хома,
Нависам аз бароят "нома"е, эй номахони ман!
Намедони магар аҳволи қалбу ҷисму ҷонамро,
Чароям медиҳи озор эй номеҳрубони ман?
Куҷо шуд ваъдаву паймону сидқу дӯстдорият?
Ба ёдат ҳаст, мегуфти, (МАН ОНИ ТУ, ТУ ОНИ МАН")
Саид инҷо надорад бе ту орому қарор, аммо,
Нигоро номи ту оромбахши ҷисму ҷони ман !!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5