Предыдущая публикация
Ки ёдаш доимо дар хотири мост.
Ду абрӯи сиёҳатро кӣ пайваст?
Ки қалбам з-ӯ гирифторасту шайдост.
Кӣ кардат инчунин дилхоҳу зебо?
Магар маҷнунии моро ҳамехост.
Шавам қурбони он созандаи ту,
Туро бо ин қаду сурат кӣ орост?
Напиндори ки имрузат асирам,
Дили ман бастаи ишқи ту кайҳост.
Маро диди шуди ғарқи тафаккур,
Касеро гуфти: "Ин шуреда инҷост".
Ҳанузам дӯстам дори, яқин аст,
Аз ин рафторат эй дилдор пайдост.
Шунидам ошиқе мегуфт рузе,
Ба ҳар кас ошиқ аст ин нукта фаҳмост.
Намесозам назар дигар ба ин моҳ,
Ки нури он зи руи дилбари мост.
Саидро кард бемору гирифтор,
Нигорам он қадар чашми ту зебост.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 17