Дар ғарибӣ медиҳи ҷон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Ҳар замоне қалби покат, қалби поки чок чокат,
Дорад андӯҳи фаровон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Дидаат хунбор доим, синаат афгор доим,
Ҳасти танҳою парешон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман
Бо алам бо дарду ҳасрат, бо ғаму ранҷу машаққат,
Нести як лаҳза хандон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Ҳаст ҳардам интизорат, модари фурсатшуморат,
Бо Дуо бо зикри Субҳон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Он Падар он меҳрубонат, дар дуои ҷисму ҷонат,
Мешавад доим санохон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Дидани дидори фарзанд, тифлаке дилҷуву дилбанд,
Хоҳи ҳардам "оҳ" гӯён, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Нестад ором як дам, дар дилат сад кулфату ғам,
Эй шуда Юсуф ба даврон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Дар ғарибӣ хору зори ёру ғамхоре надори,
Ҷуз Худои поки раҳмон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Оре ин зиндаҷудоӣ, бекасиву бенавоӣ,
Нест осон нест осон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Гар шуди гирён махӯр ғам, гар шуди нолон махӯр ғам,
Мешави як рӯз шодон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
Аз дари даргоҳи борӣ, мекунад Сайид зорӣ,
Бошӣ дур аз ранҷи ҳиҷрон, Тоҷикӣ ман Тоҷикӣ ман.
САИДБЕК НАЗАРЗОДА
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 19
Рамзи Тоҷик менамояд Дустӣ, аҳли ҷахон.
Мешавад фарзанди Тоҷик мулки худро хукмрон,
(Модарон то хол мепоянд рохи аскарон
Охирин умеди ин умедворон ЗИНДА бод.)
Миллати ваҳдатдӯстӣ тоҷики даврони ман.
Аз паи ризқу рӯзӣ равон тоҷики сарсони ман,
Барори кор мехоҳамат тоҷики ҳайрони ман!
" Гар шуди гирён махур ғам ,гар шудӣ нолон махур ғам, "
Шод гардонад Худоят, тоҷики покдомани ман!
ҳама ҳақиқат