АКСЕ, КИ БОИСИ ХУДКӮШИИ АККОС ШУД…
Тахминан 30 сол пеш аксе аз як каргас, ки мунтазири марги духтараки гурӯсна дар биёбон ва барои хурдани ҷасади ӯ буд, ба таври густурдае мунташир шуд.
Ин акс дар соли 1994 ҳангоми қаҳтии давлати Судон аз ҷониби Кевин Картер аксгирандаи хабарии аҳли Африқои Ҷанубӣ гирифта шуд ва баъдан барои ин акси шигифтангез ҷоизаи “Пулитсер”-ро соҳиб шуд.
Аммо дар ҳоле, ки аз Кевин Картер барои маҳорати аккосии истисноиаш дар шабакаҳои хабарӣ ва телевизионии байналмилалии саросари ҷаҳон тамҷид мешуд, самараи ин дастоварду шуҳрат танҳо чанд моҳ бештар давом накард.
Зеро баъдан Кевин Картер афсурда шуду худкуши кард. Афсурдагии Кевин Картер замоне оғоз шуд, ки дар яке аз мусоҳибаҳо дар барномаи телевизионӣ касе бо ӯ тамос гирифта ва пурсид, ки тақдири духтарак баъди аксгирӣ ба чӣ анҷомид?
Ӯ ба содагӣ посух дод, ки ман мунтазир намондам, то баъд аз ин акс бубинам чи иттифоқе ба ин духтарча рух медиҳад, чунки бояд барои парвоз ба тайёра мерасидам.
Сипас тамосгиранда гуфт: “Ман ба Шумо мегӯям, ки дар он рӯз на як каркас, балки ду каргас вуҷуд дошт. Дуюмӣ ҳамоне буд, ки дар даст дурбин (аксбардор) дошт.”
Ин сухан мисли тир ба қалби Кевин Картер зад ва боиси афсурдагии ӯ шуд ва дар ниҳоят худкушӣ кард.
Кевин Картер метавонист ҳанӯз зинда бошад ва ҳатто шуҳрати бештаре дошта бошад, агар он духтаракро бардоштаву ба маркази идораи СММ, ки саъй дошт ба онҷо бирасад ё ҳадди ақал ӯро ба ҷои амн бурда мемонд. Аммо ӯ ин корро накард....
Таҳияи: Т. Саидов 01.04.2024г
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев