Чарли Ҷаплин шарҳ медиҳад:
Бо падарам рафтем сирк. Дар сафи хариди билет як зану шавҳар бо чаҳор бачаашон назди мо буданд, ки бо ҳаяҷони зиёде дар мавриди шӯъбадабозиҳое, ки қарор буд бубинанд, суҳбат мекарданд…
Вақте ба назди билетфурӯши расиданд, мутасаддии билетфурӯш, нархи билетҳоро барояшон эълом кард. Ногаҳон ранги сурати мард тағйир кард ва нигоҳе ба ҳамсараш андохт. Маълум буд, ки мард пули кофӣ надошт. Ва намедонист чӣ кунад ва ба бачаҳое, ки бо он алоқаи зиёд пушти ӯ истода буданд, чӣ бигӯяд. Ногаҳон падарам даст дар ҷайбш бурд ва як маблағеро берун оварду рӯй замин андохт. Сипас хам шуду пулро аз замин бардошт ба шонаи мард зад ва гуфт:
Бубахшед бародар, ин пул аз ҷайби шумо афтод!
Мард, ки мутаваҷҷеҳи мавзӯъ шуда буд, ҳамон тавр, ки дар ҳаяҷон буд ба падарам нигоҳ мекард, гуфт: Сипосгузорам бародард!
Марди шарифе буд, вале дар он лаҳза барои ин, ки пеши бачаҳо нороҳат нашавад, кумаки падарамро қабул кард…
Баъд аз ин, ки бачаҳо ба ҳамроҳи падару модарашон дохили сирк шуданд, ману падарам оҳиста аз саф хориҷ шудем ва ба тарафи хона баргаштем ва ман дар дилам ба доштани чунин падаре ифтихор кардам.
Он зеботарин сирке буд, ки дар умрам дигар надидам!
Сарватманд зиндагӣ кунем, баҷои он ки сарватманд бимирем ... 22.03.2024г
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев