Ҳар рӯзи ҷумъа ба оромгоҳи шавҳарам мерафтам
ва медидам, ки пиразане нишаставу даст
ба дуо кушода аст.
Давоми чанд ҳафта ин амал такрор меёфт.
Назди пиразан рафта бо эҳтиром салом дода пурсидам,
Модар шумо ки ҳастед?
Чаро ҳар рӯзи ҷумъа маҳз инҷо дуохонӣ меоед?
Пиразан гӯфт;
Писарам дар беморхонаи Алиобод ҳоли вазбин дошт.
Табибон гӯфтанд, ки зуд хун биёрам.
Рӯйхати доруву хунро ба даст гирифта ба
назди доруфуруше омада гуфтам;
Зани фақираму писарам дар моварои маргу зиндагист.
Метавонед, доруҳову хунро ба ман ройгон диҳед?
Агар писарам ба по хест, худаш, вагарна худи ман пулашро бармегардонам.
Доруфурӯш хандиду гӯфт;
Дар куҷо диди, ки доруву хунро ба ноошное ройгон медиҳанд?
Чунин ҷой вуҷуд надорад, пул ёбу бихар!
Бо гиря аз дорухона берун мешудам, ки ногоҳ ҷавоне дастамро дошта ба доруфурӯш гуфт;
Он чи дар қоғаз навишта шудааст ба ин модари азиз бидеҳ.
Доруфурӯш дору ва хунро ба ман дода аз ҷавон пулашро гирифт.
Сари роҳ баромадем ва ҷавон мошинеро дошта,
ҳаққи ӯро то Алиобод дод ва 500 дирами дигар ба ҷайбам андохт.
Номи он "фариштаи наҷот" - ро пурсидам.
Гӯфт: чи мекуни Модар, аҷала кун, ки писарат бемор аст.
Гӯфтам: не! Номатро бигуй, то бидонам. Дари мошинро пӯшиду гӯфт;
Аҳмад Зоҳир ҳастам, зуд бирав!
Он рӯз писарам аз марг наҷот ёфт ва аз лаҳзае, ки хабари марги Аҳмадро шунидам, то имрӯз сари оромгоҳаш дуоъ мехонам.😢😢😢😢😢
Рӯҳи Аҳмад Зоҳир ҳамеша шод бод!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев