Предыдущая публикация
Чу мехмони хароботи, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар каши, ҷоно гарат масти хумор орад.
Шаби сўҳбат ганимат дон, ки баъд аз рўзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки макди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ, эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул хазор орад.
Худоро, чун дили решам кароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нўшинро, ки зудаш бо карор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷўеву сарве дар канор орад.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4