Ҷону дилро дӯст қурбонат кунам.
Гар яқин донам, ки бар ман ошиқи,
Аз ҷамоли хеш ҳайронат кунам.
Дар дилат гар зарраи эмон бувад,
Офтоби ҷумла халқонат кунам.
Гар камар бандӣ ба хидмат ҳамчу мӯр,
Мулкҳо бахшам Сулаймонат кунам.
Бар сари ганҷам чу мори хуфтаи,
Ҳамчу мори хуфта беҷонат кунам.
Ҳамчу Афлотуну Луқмони Ҳаким,
Ман ба як гуфтор нодонат кунам.
Гар куши Фиръавни нафси хешро,
Дар замон Мусои Имронат кунам.
Ошиқи гар мекуни мастона бош,
Аз шароби ишқ мастонат кунам.
Дар таваккал ҳамчу Иброҳим бош,
Оташи Намруд гулистонат кунам.
Гар ба тарки сар ниҳи мардонавор,
Ҳамчу Исмоъил қурбонат кунам.
Гар дусад хона куни занбурвор,
Кам иморат кун, ки вайронат кунам.
Кӯҳи Қофатро бисозам осиёб,
Об барорам чархи гардонат кунам.
Шамси Табрезӣ ту бо Мавло бигу,
Дафтари асрор девонат кунам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 14
Душмани бесунаташ девони Мавлоно гирифт
Аё эй Шамси Табрези ту чун марди сахархези
Агар сад сол бигрези ки охир марг даркор аст
Чахон пур Шамси Табрез аст марде ку чу Мавлоно?