Предыдущая публикация
Андешаву ҷаҳду мо куҷо хоҳад рафт,
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он,
Дер омадему зуд мебояд рафт,
Яке гӯру яке кон меканад боз,
Яке девори зиндон меканад боз,
Яке дил меканад аз ишқи ёре,
Яке чаҳ дигаре ҷон меканад боз,
Зи кибри мастиву майхона шинӣ,
Заминро гоҳ зери по набинӣ,
Замин гоҳо аз он биҷумад, ки гӯяд,
Ғанимат дон, ки дар рӯи заминӣ,
Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Шуморо модарон зоданду рӯзе,
Заминро ҳамчун пояндоз доданд
Замину осмон ба ҳам наояд,
Дар олам одами бе ғам наояд,
Шабе аз гиряи борон шунидам,
Ки ҳаргиз дидае бе нам наояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев