Қисми 56.
Равшании дигар аз берун ворид шуд ва қариб мехостам аз ҳамин рӯшноӣ истифода барам. Аз паси парда нигаристам, ки посбон бо ҳамроҳии як марди ношинос маҳз портрети Сталинро равшан карда миёни худ гуфтугӯ доранд.
- Нигар, танҳо чорчӯбааш хироҷи солонаи як ноҳия аст. Рӯзҳои наздик ширкатро як нафар мехарад. аллакай қисми маблағро имрӯз пардохт. Ҳангоми доду гирифт портретро ман мегирам, имрӯз Сталин ба касе даркор нест. Ваъда медиҳам, аз ту мешавад.
Ана инро тасодуф мегӯянд. Маҳз ҳозир ман дар бораи ҳамин портрет андеша доштам, пас дигарон низ иштиёқ доранд...
Посбон бо марди ношинос, ки симояшро умуман надидам, ҷониби дарвоза рафтанд. Ронандаро аз дар бароварда, посбон ба утоқаш даромад.
Магар ӯ посбон буд? Моликияти ширкатро ба яғмо бурдан мехоҳад, мисоли гурге, ки посбони рама бошад. Портрети Сталинро аз куҷо медонад ва аз ҳама асосӣ - савдои имрӯзаи ману он ҷавонро кай ва аз кӣ шунид? Айша-хола ба мошинаш нишасту рафт, пас посбон бо ҷавон алоқа дорад? Ҳамаи маълумотҳоро ҷамъ меораду ба онҳо мерасонад?
Дил мехост худи ҳозир рафта ба саволҳоям посух шунавам. Аммо худдорӣ кардам. Пагоҳ рӯзона портретро дар ягон ҷо пинҳон мекунам ва баъд даъват мекунам. Мебинам чӣ тавр рафтор карданашро.
То субҳ дигар бедор будам, агар нӯги калобарр ба даст оварам, он тарафаш мушкил нест. Беҳуда Айша-холаву Надяро зери шубҳа бурдам...
Ба падарам занг задам, зеро ӯ аз баргаштанам огоҳ буд, як бор аз аҳволи ману модарам ва сабаби тез баргаштанамро напурсид.
- Чӣ мегӯӣ директор? - сухани аввалинаш ҳамин буд.
- Чаро аз аҳволам намепурсед?
- Овозатро мешунавам, сиҳат ҳастӣ, боз чиро пурсам? Ба кор рафтан ё нарафтанамро?
- Шумо бемалол аз паи кори ҳаррӯзаатон шавед.
- Пиёда равам? Дина бегоҳӣ пиёда баргаштам.
- Мошини Айша-холаро савор шавед.
- Ба холаат мошин лозим шавад-чӣ? Кӯдакат то саҳар гиря кард, биёву гирифта бар.
- Кӯдакро хола ором кард?
- Кӯдак ба холаву Надя чӣ алоқамандӣ дорад? Дар куҷо хобидӣ?
- Дар идора.
- Кӯдакро ин ҷо гузошта дар идора хобидӣ? Боз чӣ нақшаҳо дорӣ?
- Нақшаҳоям бисёр, Надя бедор аст?
- Ба фикрам нав хобид.
- Бигузор хобад, нороҳат накунед. Барои ҳамин ба шумо занг задам.
- Холаат ба кор равад?
- Имкон дошта бошад, шуморо то коргоҳ расонад. Ҳузури худи ӯ дар идора шарт нест. Ман худам даъват мекунам.
Аз тиреза дидам, ки кормандон як-як ба кор меоянд. Ронанда низ мошинашро то назди дар ронда омад. Дарро кушодам, ки дар даст бароям наҳорӣ, ворид шуд.
Ҳамроҳ ба утоқ даромадем ва ӯро хоҳиш кардам, ки портретро оҳиставу беозор аз девор барканем. Портрет ниҳоят вазнин буд, гирифта дар паси шкаф ҷо кардем.
- Акнун посбонро даъват кунед, - гуфтам, - эҳтиёт кунед ба ҳеҷ куҷо занг назанад.
Ронанда бо посбон баргашт ва худ назди дар истод.
- Шаб тинҷ гузашт? - пурсидам аз ӯ.
Портрети Сталин бояд дар болои сарам мешуд, посбон як нигоҳ карду:
- Тинҷ, - гуфт, - Портрет канӣ?
- Бароварда ҳавола кардем, сурати Назарбоевро меовезем.
- Ба куҷо ҳавола кардед? Вай расми таърихӣ буд.
- Телефонат канӣ?
Посбон аз киса телефонашро баровард.
- Чӣ кор мекунӣ? - пурсид ӯ.
- Як бор дидан мумкин?
- Не, ин моликияти шахсии ман, аз туву ширкат нест.
- Агар хоҳам, ҳозир эзоратро ҳам кашида мегирам. Ку ин тараф? - дастамро сӯяш бурдам.
- Дастатро гир! - гуфта дастамро тела кард.
- Бо киҳо алоқа дорӣ? - пурсидам ман.
- Ҳамаро номбар кунам? Ман аз дастурамал берун набаромадаам.
- Бо хушӣ намефаҳмӣ? - гуфта наздаш гузаштам.
- Эродат бошад ба роҳбариятамон шикоят кун, - гуфт ӯ қадаме пас гузошта.
- Ман ҳамаи муаммоҳоямро бе шиква худам ҳал мекунам, бори дигар хоҳиш мекунам, телефонатро ба ман деҳ.
Посбон боз қадаме пас гузоштанӣ буд, ки ронанда нагузошт. Муште дар шикамаш задам, ки нафасгардон шуд ва дар фарш нишаст. Телефонро аз дасташ гирифта ба зангҳои охирини доиргардида нигаристам. Занги охирин-занги воридотӣ шабона соати бисту се доир гаштааст.
- Ин нафар кӣ? - пурсидам рақамро нишон дода.
- Намедонам, кадом як бонк, қарз пешниҳод кард.
- Нисфи шаб? Занг воридотӣ нест, маро аҳмақ гумон накун. Худат занг задиву қарз пурсидӣ? Бисёртар пурсидӣ, имрӯзҳо туро маблағи калон лозим меояд.
- Кадоме рақамро хато гирифт ба фикрам...
Ба ҳамон рақам занг задам.
- Гоша, дертар занг мезанам, - гуфта телефонро хомӯш карданд.
- Канӣ Гоша, росташро мегӯӣ ё ман худам гӯям? Лекин ба ҳар тахмини саҳв кардаам, як лағад миёни почаҳоят мехурӣ. Инак, марде, ки туро Гоша ном бурд, Кристина буд?
- Кристина? Кристина-мард?
- Хайр, кӣ буд?
- Ин як шиносам.
- Дар куҷо шинос шудӣ?
- Дар аптека.
- Лекин ин дафъа доруҳои аптека ба ту кӯмак намерасонад, - гуфта боз зарбае ба шикамаш задам.
Мард бо як даст шикам бо дасти дигар курсиро дошт, то наафтад.
- Кифоя, - гуфт, - росташро мегӯям. Ман портрети Сталинро ба ӯ ваъда кардам.
- Чанд пул баҳо дод?
- Дусад доллар.
- Росташро гӯй.
- Ду ҳазор...
- Хуб, ман аҳмақ-ку, бовар кардам. Акнун гӯй, ки фурӯхта шудани ширкатро ба ту кӣ гуфт?
Мард ронандаро тела карда берун гурехтанӣ шуд, аммо ронанда чангол зада аз нимтанаи хизматиаш чунон дошта пас кашид, ки мард лағжида зери миз даромад.
Хам шуда савол додам:
- Ҷоят қулайтар шуд, метавонам савол дода?
- Ман танҳо хостам каме соҳиби маблағ шавам зиёд не, ҳамагӣ панҷоҳ ҳазор...
- Аз кӣ огоҳ шудӣ, ки ширкатро мефурӯшанд, батафсил нақл кун.
- Айсултан мурд ва ман ҳамонеро, ки мехост ширкатро соҳиб шавад, даъват кардам.
- Айсултанро кӣ кушт?
- Ман намедонам. Лекин супориш доштанд, моеъи тормози мошинашро кушоянд.
- Кӣ кушод?
- Хабар надорам.
- Кӣ ширкатро соҳиб шудан мехост?
- Камил.
- Ту ба Камил занг задӣ?
- Бале, аммо ӯ маро фиреб кард, пули ваъда кардаашро наовард.
Телефонашро гирифта дар дасташ додам.
- Занг зан ва пулатро талаб кун. Гӯ, ки агар худи ҳозир наорад, ба пулис хабарашро мерасонӣ.
Посбон дар зери миз нишаста занг зад. Гуфтам, ки садояшро баланд гузорад, то мо низ шунавем.
- Камил, ваъдагӣ канӣ? - пурсид посбон.
- Дар куҷоӣ? Чаро садоят инъикос меёбад?
- Пас аз ним соат сменаро месупорам.
- Баъд ба куҷо меравӣ?
- Ту чӣ кор дорӣ? Ба хона рафта истироҳат мекунам. Ту пулро ба идора биёр.
- Ба хонаат мебарам, суроғаатро гӯ.
- Пионер ҳафтоду чор.
- Рақами квартира?
- Ман туро дар назди даромадгоҳ мунтазир мешавам.
- Рақами квартира!
- Чор, ошёнаи як, подйезди як.
- Танҳо ҳастӣ?
- Ҳамсарам дар кор, кӯдакон дар мактаб.
- Хеле хуб, расо пас аз як соат мунтазир шав, бист ҳазор мебаранд.
- Ваъда панҷоҳ ҳазор буд...
- Сӣ ҳазорашро дертар мегирӣ, пас аз амалиёт.
Посбон телефонашро хомӯш кард.
- Чаро суроғаро гуфтӣ? Инҳо туро мекушанд, - гуфтам.
- Ман суроғаи худамро нагуфтам.
- Баро, - гуфтам телефонро аз дасташ гирифта, - ба суроғаи таъйинкардаат меравем.
Посбон аз зери миз баромада либосашро афшонд. Ба Багир занг задам.
- Се баҳодури боварнокатро гирифта таъҷилӣ ба кӯчаи Пионер ҳафтоду чор равед ва моро дар мошин мунтазир шавед.
Ба мошини посбон нишаста ба суроғаи номбурдааш рафтем. Мошинро ронандаи ширкат идора мекард, ману посбон дар қафо нишастем.
Бинои ҳафтоду чор ҳамагӣ ду ошёна дошт ва сохти давраҳои пешин буд. Саҳни ҳавлӣ васеъ, роҳи ягонаи вуруд ё берун шудани нақлиётро надошт.
- Ин ҷо хонаи кӣ? - пурсидам аз посбон.
- Аз бобоям буд, лекин калидашро дорам, касе истиқомат намекунад.
- Ту ба хона даро, вақте дарро кӯфтанд, "дар кушода"-гӯю дар ягон ҷо пинҳон шав, он тарафаш вазифаи мо, - гуфтам
Посбон ба хона даромад. Аз пасаш ман ҳам даромадам. Даромадгоҳ майдончаи танги зинаҳо дошт, сохти ноқулай барои бошандагон. Даре, ки посбон кушода ворид шуд, зери зинаҳое, ки ба ошёнаи дуюм мебарад, ҷойгир шудааст. Пас гашта берун баромадам, ки Багир низ бо се ҷавони дигар омаданд.
- Мошинро дар қафои бино гузору ҳама ба ошёнаи дуюм бароед, - гуфтам, - вақте дарро дар ошёнаи якум кӯфтанд, оҳиставу бесадо ба ҳуҷраи чорум фароед.
Ману ронанда низ ба хуҷраи посбон даромадем. Аз ошхона саҳни ҳавлӣ бемалол намоён буд. Дере нагузашта мошине омаду дуртар аз бино қарор гирифт. Аз дохилаш чор ҷавон баромаданд, ки яке ҷавони ба ман пул дода буд.
- Миёнашон Камил ҳаст? - пурсидам аз посбон.
- Нест, - гуфт.
Ду ҷавон дар назди мошин монд, дуи дигар омада дарро кӯфтанд.
- Дар кушода, - гуфт посбон.
Аммо касе надаромад, боз дарро кӯфтанд.
- Дар кушода гуфтам!
Ин дам дар долон садои чарсу чурс баромаду дарҳол хомӯш шуд. Баромада дидем, ки аллакай ду ҷавон дар фарш беҳаракат мехобанд.
- Ба хона дароварда дасту пояшонро бандед, - гуфтам, - ҳар чӣ дар киса доранд, гиред... Кӣ инҳоро ба ин ҳолат расонд?
- Ман, - гуфт як ҷавон, - Узр, камтар шитоб кардам.
- Не, айни муддао, ман ҳам мехостам инҳоро дар чунин ҳолат бинам, - гуфтам, - дигарон дар хона бошанд, мо боз ду нафари дигар дорем. Ли, ҳамроҳам меравад.
(Ли гуфта ҷавонро ном бурдам)
Бо ҷавон ба паси хона гузаштем.
- То маркази ноҳия меравед? - пурсидам аз ҷавонон.
- Не, - гуфтанд ҳарду баробар.
- Дусад танга медиҳам.
- Исто, - гуфт ҷавони дар паҳлӯям буда, - як нафарашон рафиқам аст.
- Рафиқатро ман мекӯбам, - гуфтам.
- Лозим не, беҳтараш гуфтугӯ мекунем, - гуфт ва ба ҷавонон муроҷиат кард: - Бактияр, дар маҳаллаи мо чӣ кор мекунӣ?
Ҷавон ҷониби мо нигариста:
- Жан, ин туӣ? - гуфт.
Ҳарду ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд.
- Як лаҳза, - гуфт Бактияр, - Мо рафиқонамонро мунтазир.
- Рафиқонат истироҳат доранд, - гуфтам, - то ба худ омаданашон моро ба марказ бар.
Бактияр дар ҳайрат шуда ба Жан нигарист.
- Ҳоло, ки ҷиноят содир нашудааст, ҳамроҳи мо бошед, - гуфтам.
- Нафаҳмидам...
- Бо кӣ кор мекунӣ?
- Ба ту чӣ дахл дорад?
- Хусур ва ҳамсари маро ту куштӣ?
- Ибораҳоро интихоб кун!
- Ором, - гуфта Жан байни ману Бактияр истод, - ин шахс Роби, домоди Айсултан...
- Айсултан дар садама мурд, - гуфт Бактияр, - Ман ҳамин тавр шунидам.
- Кӯдакам шашмоҳа ятим монд! - Жанро тела дода назди ҷавони дуюм рафтам, - Ту куштӣ модарашро?
- Мо ба марги вайҳо алоқа надорем, - гуфт ҷавон, - саволат бошад ба Камил деҳ.
- Канӣ Камил?
- Мо ҳоло ӯро надидаем ва намешиносем.
- Супоришро аз кӣ гирифтед?
- Аз Ҷага. Моро тӯҳмати ноҳақ назан.
- Ба посбон пул овардед?
- Мо хабар надорем.
- Жан, меҳмонҳо бедор шудагистанд? - гуфта пас гаштам.
(давом дорад...)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4