Предыдущая публикация
Хаставу афгору дилрешу парешонат кунад.
Пораӣ ноне,агар хурдӣ ту аз даргоҳи дӯст,
Таънаӣ як пиёла чою пораи нонат кунад.
Дӯсти ҷоние,ки мебофӣ ту дар андешаат,
Душмани ҷонат бигардад, қасд бар ҷонат кунад.
Гарчӣ механдад канорат соаташ ояд вале,
Дар миёни халқи олам дидагирёнат кунад.
Ҳар шиносеро магӯ,ки дӯсти беҳамто туӣ,
Аз шиносоӣ барои худ пушаймонат кунад.
Боз бинмо вақти холӣ дафтари Маҳкампурӣ,
Ҳар сурудаш бе ягон андеша ҳайронат кунад.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев