Предыдущая публикация
Рӯ ба рӯ бо сад азобу дарду мушкил мешавӣ.
Аз саҳар то шом меҳнат мекунӣ бо хастагӣ,
Хастаҷону бемадору пой дар гил мешавӣ.
Ҳосили ҳар кори худро аз Худо бинмо талаб,
Чун Худо вақте надод,бебору ҳосил мешавӣ.
Ҳамнишини бехирад боши,бигарди бехирад,
Ҳамнишини фозилон гардидӣ фозил мешавӣ.
Ёру ҳамдил беҳисоб вақте, ки соҳибмансабӣ,
Мансаб аз дастат равад,беёру ҳамдил мешавӣ.
Ҷаҳли худро бо сукуту сабр оромаш намо,
В-арна беинсофу бадгуфтору ҷоҳил мешавӣ.
Бо ғами нокомилиҳо менамоӣ зиндагӣ,
Вақти мурдан мерасад инсони комил мешавӣ.
Баҳри пайдо кардани як пора нон, Маҳкампурӣ,
То ба кай дур аз диёру ёру манзил мешавӣ.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев