Заррае нест дигар,баҳри касе имонам.
Дасти ҳаркас,ки гирифтам ба по бархезад,
Ба даҳан мушт бизад,то шиканад дандонам.
Ба касе чораи нонкобӣ биомӯзондам,
Зи ман омӯхта бигрифт,зи даҳонам нонам.
Ба касе боварӣ карда дари дил бикшодам,
То шавад лаҳзаӣ дарди дили ман дармонам.
Лек рози дили манро ҳамаҷо фош намуд,
Зи барои чӣ чунин кард,худам ҳайронам.
Ман дурӯғгӯи наметонаму гаҳ маҷбӯрам,
Рост вақте, ки бигӯям ба бало дармонам.
Ман ки ғамдидаву ғамсӯхтаву ғамзадаам,
Шод нестам, ки кунам ҳазлу касе хандонам.
Кай шавад,ки ба дилам тухми умеде сабзад...
Дур гардад зи дили ғамзадаам армонам.
Суханам дар ҳузури ҳеҷ касе қадр наёфт,
Дорам эҳсос,билохира манам инсонам.
Нарасад дасти навозиши ту дигар ба сарам,
Модаро, рӯи пур аз нури туро пазмонам.
Эй, Худо дасти маро гиру макун саргардон,
Ман аз он тоифаи бар Ту ниёзмандонам.
Дидам озор ба ҳар як сафарам Маҳкампур,
Дар ба дар,то ба кай озурдаву саргардонам..
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев