Предыдущая публикация
Маро бо рафтанат дар оташи ғам сӯхтӣ, рафтӣ.
Ман аз дарси муҳаббат ҷуз ба ту будан, наомӯхтам,
Маро дарси дигар аз сӯхтан омӯхтӣ, рафтӣ.
Диламро бурдӣ аз ман, то ки бе дил сӯзаму созам,
Маро парвоз омӯхтиву ҳам пар дӯхтӣ, рафтӣ.
Зулайхо нестӣ, Юсуфхариданро намедонӣ*,
Ба ханда сохтӣ, бар ғуссаам бифрӯхтӣ, рафтӣ.
Аз ин савдо, ки бо ман сохтӣ инҷо барои дил,
Чиро пардохтӣ? Андохтӣ? Андӯхтӣ, рафтӣ?
Маро худ сохтӣ, афрохтӣ, бо бӯсае, нозе,
Маро худ сӯхтӣ, худ сӯхтӣ, худ сӯхтӣ, рафтӣ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 19
Чашми ҳиси ман дигар, бо рафтанат бино нашуд.
Баъди ту бисёр буданд, ки хостанд ҷои ту,
Ҷои ту бошанд аммо, ин дилам рози нашуд.
Бе ть мекашум дарду гами танхои
Ть гуфта бди ки ма зид меоюм
Шаш сол гзашт охир ть кай миеи
Гар у намеояд бигу он дил,ки
бурди боз деҳ.
Дустдухтар?
Агар мебуромади
Хама коро бас мекард
Гар ӯ намеояд бигӯ, он дил ки бурди боз деҳ.
Афтодаам дар кӯи ту, печидаам бар муи ту,
Нозидаам бар рӯи ту, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Бингар, ки муштоқи туам, маҷнуни ғамноки туам,
Гарчи ки ман хоки туам, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Эй дилбари зебои ман, эй сарви хушболои ман,
Лаъли лабат ҳалвои ман, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Моро ба ғам кардӣ раҳо, шарме накардӣ аз худо,
Акнун биё дар кӯи мо, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
То чанд хунрезӣ кунӣ, бо ошиқон тезӣ кунӣ,
Худ қасди Табрезӣ кунӣ, он дил ки бурдӣ боз деҳ.
Аз ишқи ту шод омадам, аз ҳаҷр озод омадам,
Пеши ту бар дод омадам, он дил ки бурдӣ боз деҳ!
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Сарам дар шонаи ишки ту монда
Аз он чи гуфтаму гуфтанду гуфти
Факат афсонаи ишки ту монда
Мехр суи дил,
Чое ки, мехр нест накун чустучуи дил.
Аз ту катъи тамаъ лутфу иноят накунам
Пеши мардум зи чафои ту хикоят накунам .
( Вахши )
Чун кунад бечора мискин тани танхо гариб.
Дар гариби чон ба сахти медихад мискин камол
Во гарибо во гарибо во гариб.