Предыдущая публикация
🌼Баҳри ман фарқе надорад муслимӣ ё кофарӣ,
Кори ман набвад ба имонат, надорам доварӣ.
🍃Ҳар кӣ бошӣ, одами хуб бош, боқӣ кори ту,
Одамиро мекунад одам, ҳамин одамгарӣ.
🌼Дам занӣ аз ҳаққу ноҳақсозӣ афзун мекунӣ,
Бар мусалмонии ту моро намонда боварӣ.
🍃Мӯминон оинаи ҳамдигаранд гуфто ҳабиб*,
Бо бародарҳо надорӣ ҳеҷ расми додарӣ.
🌼Мекунанд ҳар лаҳза моро пеши дунё рӯсиёҳ,
Бебасарҳое, зи номи мо намуда бесарӣ,
🍃Ҳаркӣ бошӣ, бош, аммо душмани мардум мабош,
Бутпарастӣ ё, ки муслимӣ ва ё, ки кофарӣ.🌼
(*Ал мӯъмину миръоти ахиҳил муъмин.
Ҳадиси набавӣ)
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1