Ин одат миронанда накушандаи хоҳишу орзуи оянда аст. Орзуву хоҳише, ки хаёти наву шукуфоро дар бар дорад, маҳз ҳамин гуссахурии рӯзи гузашта ба коми фано мекашад. Инсони оқил аз фикри гузашта ғам намехӯрад, зеро бо гусса хӯрдан гузашта боз намегардад. Ба гузашта салавот. Бо рӯю мӯйканӣ гузашта ислоҳ намешавад, шишаи бишкаста пайванд намегардад. Ҳар чизе, ки рафтааст, бебозгашт рафтааст, бознамегардад. Пас бояд, ки руҳу равону нафсатро аз зиндони ғуссаи гузашта рахо кун. Оё мешавад, ки маҷрои дарёро ба қафо гардонӣ? Оё имконпазир аст, ки офтобро ба ҷойи баромадааш баргардонӣ ва ё тифлро ба раҳми модар аз сари нав баъди таваллудаш ҷой кунӣ? Ба гузашта гусса хӯрдан мисоли ҳамин гуфта аст, ки ҳамагй ғайриимкон мебошад. Ба гузашта печидану онро тадбир ҷустану вақтро зоеъи гузашта кардан, боиси суст ва номукаммал шудани корҳои оянда мегардад...✔
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4