Шабҳо хобҳои аҷибе медидам, дар олами рӯъё маро ҷавони зебои кабудчашме ҳамроҳӣ мекард. Оҳиста-оҳиста бо ҷону дил ошиқи он ёри хаёлӣ гашта, шабро бесаброна мунтазир мешудам. Чун шаб фаро мерасид, сарамро ба шонаҳои сафеду сангини ӯ монда, аз бӯйи атраш маст мегаштам, ин гуна бӯи хуш ва эҳсосоти гувороро ҳеҷ гоҳ нашамидаву эҳсос накарда будам.
Кори мо ба бӯсу канор гузашт, дар умри бисту се солаам марде дастамро надошта буд, бӯса он тараф истад, аммо инони лабҳои ғунчасонамро ба дасти Шарор супорида будам. Ӯ маро мебӯсиду мебӯид, бараҳнаам сохта сар то поямро бӯсаборон менамуд, бисёр вақт…
Ин дунё як чизҳое дар ниҳонхонаи худ пинҳон дорад, ки чашми одамӣ онро намебинаду ақлаш дарк намекунад.
Ман мухлиси ашаддии гурўҳаи шумоям ва дар яке аз темаҳои он номаи занеро хондам, ки дар бораи «ЗАНИ БАДНАФС» менавишт, танҳо номаи ӯ таконам дод, то рози ниҳонии диламро назди хонандагони азизи гурўҳи Қиссаҳои ҳаёти кушоям…
Дар хонадони одамони оддӣ чашм ба олами ҳастӣ вонамудаам, падарам омӯзгор ва модарам корманди китобхона буда, мо, ду духтару як писарро ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ гардониданд. Апаамро оилаи обурӯманде аз ҳамсоядеҳ келин карданду додарам донишҷӯ шуда дар пойтахт зиндагӣ мекард. Ман аз рӯйи ихтисосам кор карда ҳамроҳи падару модарам мезистам, хостгоронам зиёд буданд, аммо шавҳар кардан намехостам, аниқтараш…
Ману апаам аз кӯдакӣ дар хонаи алоҳидае хуфту хоб карда, ба дарсҳоямон тайёр мешудем. Баъди ба шавҳар баромадани ӯ додарам хонаро таъмир намуду падарам бароям кати зебои хоб харид. Хулоса, хонаро аз рӯйи завқи худам оро дода дар он ҷо хоб мекардам. Шабҳо хобҳои аҷибе медидам, дар олами рӯъё маро ҷавони зебои кабудчашме ҳамроҳӣ мекард. Оҳиста-оҳиста бо ҷону дил ошиқи он ёри хаёлӣ гашта, шабро бесаброна мунтазир мешудам. Чун шаб фаро мерасид, сарамро ба шонаҳои сафеду сангини ӯ монда, аз бӯйи атраш маст мегаштам, ин гуна бӯи хуш ва эҳсосоти гувороро ҳеҷ гоҳ нашамидаву эҳсос накарда будам.
Аҷибаш он буд, ки хобҳоям ба бедорӣ монанд буданду ман ба ӯ дар бораи корҳоям гап зада, маслиҳат мепурсидам ва ӯ раҳнамоиям мекард. Ман ошиқи рӯъёиямро Шарор ном мебурдам ва намедонам чаро?
Кори мо ба бӯсу канор гузашт, дар умри бисту се солаам марде дастамро надошта буд, бӯса он тараф истад, аммо инони лабҳои ғунчасонамро ба дасти Шарор супорида будам. Ӯ маро мебӯсиду мебӯид, бараҳнаам сохта сар то поямро бӯсаборон менамуд, бисёр вақт бо куртаҳоям хобида саҳар бараҳна бедор мешудам, бистарам чунон ғиҷим буд, ки гумон мекардӣ шаб дар болояш касе бозӣ карда бошад. Баъзе вақтҳо модарам бедоркуниям даромада бинияшро медошту мегуфт, ки ин қадар хонаат бадбӯй ё ягон муш мурда бошад? Аммо дар димоғи ман аз ҳар тараф бӯйи хуши атри Шарор мерасид.
Зиндагиям якранг ҷараён дошт, аммо як рафиқи наздики падарам ба хостгорӣ омаду аз ман напурсида фотеҳаам карданд. Чун ба модарам норозигиямро баён намудам, бо ғазаб гуфт:
- Чӣ, ту бачаи шоҳи оламро мегирӣ, Парвиз барин бачаро танҳо орзу кардан мумкин аст! Хоҳӣ нахоҳӣ туро ба писари рафиқи падарат медиҳем, бегона нестанд, боз оилаи баобурӯ…
Он шаб Шарор хастаю ғамзада метофт, маро навозиш намуда, хоҳиш кард, ки шавҳар накунам, то авҳолам бад нашавад. Ё Парвиз мемурад ё ту девона мешавӣ!- таҳдидомез гуфт Шарор.
Намедонистам ин сирри пинҳонро ба кӣ гӯям, аз модарам иҷозат гирифта хонаи холаам рафтам. Холаам дар маркази вилоят зиндагӣ мекарду ба ман роздону маслиҳатгар буд. То хонаи холаам расидан аз ҷон сер шудам, гоҳ мошин вайрон мешуду гоҳи дигар сар то поям сӯзиш намуда, дард мекард. Ба меҳмонхонаи холаам даромадаму ҳама дардҳоям фаромӯш шуданд, сар дар канори ӯ гузошта гириста - гириста қиссаи ошиқи хаёлӣ ва таҳдиди ӯро нақлаш намудам.
Холаам фармуд, ки сару танамро шӯста аз ҳозир намозхониро сар кунам, баъд тумори калони ҷилди сабз доштаро дар бозуи ростам овехт. Шаб болои сарам Қуръонро гузошта, худаш ҳамроҳам хобид, он шаб осуда хоб рафтаму Шарор ба хобам надаромад. Аз хобам на кӯфтаю хаста, балки орому осуда бедор шудам. Холаам гуфт, ки ба пеши мулло меравем ва мани замонавӣ сатр баста, дар дилам аҳд намудам, ки агар аз ҳамон бало халос шавам як умр сатрпӯшу намозхон мешавам.
То хонаи мулло зикри Худо карда рафтем, дар тасаввури ман мулло мӯйсафеди ришдору босалобате буд, аммо моро ба назди ҷавони зебое бурданд, ки риши сиёҳи кӯтоҳ қайчизадааш ба худаш мезебид. Ҳамроҳи холаам ба пеши мулло даромадем, ӯ маро наздаш шинонда синчакорона ба қаъри чашмонам нигарист ва баъд дуру дароз ба китобе нигаристу гуфт:
-Ба ту хоҳари азиз, ҷин ёр шудааст, барои аз танат баровардани ӯ меҳнати зиёде лозим аст ва бояд як ҳафта дар хонаи мо бимонӣ. Ман розӣ шудам, мулло давоми ҳафт рӯз се борӣ маро дуо мехонд, намедонам рӯзи шашум буд ё ҳафтум, ки ҳангоми дуохонии мулло ман Шарорро дидам. Ӯ дасташро ба домони ман печонида бо илтиҷо сӯям нигоҳ мекард, дилам аз нигоҳи ӯ об мешуду майли оғӯшаш мекард. Ҳамин вақт мулло бо овози баланд гуфт:
-Ҷило, баро аз бадани Шаҳноз, ӯро осуда гузор, ту аз зоти худат ҳамсар интихоб намо, мулло бо овози баланду марғуладораш аз Қуръони азимушшаън сураҳо қироат мекарду дасти Шарор, ки акнун Ҷило ном доштанашро фаҳмидам, аз домани ман канда мешуд. Бараъло медидам, ки ӯ аз ман дур мешуду аз он ҷавонмарди зебои олами хаёл ба як махлуқи пашмину баднамуд табдил меёфт, аз дидани ин манзара аз ҳуш рафтаму баъди се рӯз ба худ омадам. Болои сарам зани мулло ва холаам менишастанд, онҳо аз чашм кушодани ман хурсанд шуда, муллоро даъват карданд. Мулло бо чеҳраи болида, вале чашмони аз бехобӣ сурх болои сарам омада, Худоро шукр гӯён сурае хонда ба рӯям суф кард.
Ҳамроҳи холаам ба мулло миннатдорӣ карда, ҳаққи хизматашро дода ба хона рафтем. Дар роҳ ба холаам ҳама чизи дидаамро нақл кардаму ӯ ба даҳшат омад ва насиҳатам кард, ки ин ҳамаро фаромӯш кунам.
Баъд аз ду моҳи ин воқеа тӯям барпо гашт, шавҳарам Парвиз ҷавонмарди маълумоти олидор, соҳибмаърифат ва маданӣ буд. Ҳарчанд, ки худаш байни бонувони замонавӣ кор кунад ҳам, маро барои сатрпӯшию намозхониям бисёр эҳтиром мекунад. Боре ӯ ба ман як ҳикояте кард, ки ангушти ҳайрат газидам.
-Медонӣ чӣ Ноза(ӯ кӯтоҳ карда маро чунин ном мегирифт.) вақте ки моро фотеҳа карданд, хобҳои аҷибу ғариб медидам. Дар хоб ҷавони чашмкабуди қоматбаланд бо ман баҳсу моҷаро карда, мегуфт, ки чаро зани маро гирифтаниӣ? Боре чунон гулӯямро фишурд, ки агар додарам бедорам намекард, мумкин мемурдам, аҷобаташ дар он аст, ки баъди ин хобҳо бедор шуда, дар хонаи хобам як бӯйи ғализро ҳис мекардам. Хайрият ба хонаам китоби Қуръонро даровардаму аз ин хобҳо раҳоӣ ёфтам. Ба ӯ чизе нагуфтаму фаҳмидам, ки он ҷавонмарди зебои чашмкабуд кист?
Ана, ҳамин тавр ман аз ҷину ишқи ӯ раҳо ёфтам, Худоро шукр мекунам ва аз муллою холаи азизам низ то қиёмат миннатдору қарздорам. Маҳз бо шарофати онҳо имрӯз соҳиби хонаи обод ва писараки дилҷӯе ҳастам, аз ҳамаи онхое, ки ба ин бало гирифторанд як хоҳиш дорам:
- Дӯстони азиз, дар шифои худ талош варзед, аз Худою китоби осмонии мусулмонон Қуръони маҷид даво ҷӯед ва мутмаинам, ки шифо меёбед. Аз гуфтани дарди худ ба наздиконатон шарм накунед, беҳуда нагуфтаанд, ки дарддиҳанда худаш давояшро мефиристад...
Номанавис:Н
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 16