Предыдущая публикация
Дилогоҳон, дилогоҳон, дилам танг аст, медонед?
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?
Нафасгирӣ чӣ душвор аст ҳангоми нафасгирӣ!
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?
Гурўҳе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?
Бисўзад решаи он оштӣ, к-аз ҷанг бархезад!
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?
Ба чашми танги Чингизӣ само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурӣ замин ланг аст, медонед?
Чӣ ҷои осмони тираи таърихи инсонӣ!
Замин як пора гўристони фарҳанг аст, медонед?
Садо ояд ба гўшам, Озарахш, аз Зуҳраи чангӣ,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!
Устод Озарахш
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4