ҶАБРИ ҒАРИБӢ....



Бишуд, ковок аз ҷабри ғарибӣ устухонам,
Халад, захми ғарибӣ ҳар замон бар ҷисму ҷонам.
Нахоҳад, ҳеҷ ақли солиме тарки Ватан кардан,
Ба сурат шакли одам, лек дар сират, чу ҳайвонам.
Агарчӣ дар диёру кишвари бегона озодам,
Вале аз ҳиссиёти қалб гуё, ки ба зиндонам.
Чи хуш дорам, дар ин мулки ғарибӣ зиндагонӣ,
Валекин мурдае, андар қатори зиндагонам.
Зи ҳарфи хешу пайванду Ватан дил реш мегардад,
Чӣ сон тақдир созам, ман дар ин шабҳои ҳиҷронам.
Нет комментариев