ГУЛҲОИ ВАТАН НАЧИДААМ...
Гулҳои Ватан начидаам, даҳ сари сол,
Дидори Ватан надидаам, даҳ сари сол.
Мебинамаш, аз харитаи деворӣ,
Дурии Ватан кашидаам, даҳ сари сол.
То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Эй акс, нишони рӯи моҳе будӣ,
Аз тозаҷавониам гувоҳе будӣ!
Ман пир шудам, вале ҷавонӣ ту ҳанӯз,
Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.
Умрест, ки ҳаст чашми ман абролуд,
Борони сиришки ман даме канда нашуд.
Аз тарки Ватан, ки даҳ сари сол гузашт,
Даҳ сол ҳавои чашми ман соф набуд.

Абарустод Бозор Собир