Озодӣ ва ҳуррият, ки аз ахлоқи некӯи фардӣ ба ҳисоб меравад, замоне ба иҷро мерасад, ки ҳамаи муқаддамоти он ҳамроҳ бо омилҳояш фароҳам шаванд. Дар баҳсҳои қаблӣ аввалин муқаддимаи озодӣ яъне истиқлолро баён кардем, ҳол дар ин қисмат аз баҳс иззат, яке дигар аз омилҳои озодӣ ва ҳурриятро баён хоҳем кард.
Аз муҳимтарин омилҳои озодӣ ва ҳуррияти инсонҳо иззатхоҳӣ ва дурӣ аз зиллату хорӣ мебошад. Яъне инсони озод ҳаргиз зиллат намепазирад, то ҷое ки марги бо иззатро беҳтар аз зиндагии бо зиллату хорӣ медонад.
Иззат
Иззат аз муҳиртарин усули зиндагии Паёмбари Акрам (с) ва аз асосу решаҳо дар умури динӣ мебошад. Асоси тарбият дар дини Ислом тарбияти ҳамроҳ бо иззат аст ва агар шахс бо иззат тарбият шуда ва рушд ёбад ба вижагие даст ёфтааст, ки дар ҳар вазъият ва аҳволе дар зиндагӣ устувор хоҳад буд.
Ва доштани вижагии иззат фарз аст, зеро Худованди Мутаол дар Қуръони Карим фармудааст:
وَلِلَّهِ العِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِینَ
“Иззат барои Худо ва барои Паёмбараш ва барои мӯъминон аст.” (Сураи Мунофиқун, ояти 8)
Решаи тамоми фасодҳо дар хорӣ ва зиллат аст ва ба ҳамин хотир беҳтарин роҳи расидан ба ҷомеаи муътадил иззат бахшӣ ва иззатофаринӣ барои мардум аст. Агар иззат дар миёни мардуми як ҷомеа коҳиш пайдо кунад ё нобуд шавад, корҳои фасод дар он ҷомеа афзоиш хоҳад ёфт.
Агар мардум риёкорӣ мекунанд, агар мутакаббир ҳастанд, агар зулму ситам мекунанд, агар ситам мепазиранд ва дар баробари зулм таслим мешаванд, агар фасод мекунанд ва…. сабаби ҳамааш зиллату хории нафсашон аст.
Агар мардуми ҷомеае ба иззати ҳақиқӣ бирасанд ва аз зиллату хорӣ озод шаванд ба тарбияте, ки ҳадафи паёмбарон (а) будааст мерасанд; тарбияте, ки инсонро дар баробари ғайри Худо сарбаланд ва шикастнопазир ва дар баробари Худо ночизу нотавон месозад. Касе, ки дар бароабри Худо сари бандагӣ фурӯд меорад ва бандагии Ӯро ба ҷо меорад ба иззате, ки Худованди Мутаол хостааст барои мӯъминон даст меёбад... https://ahnof.com/a-ida/avomil-va-mu%d2%9baddamoti-ozod%d3%a3-va-%d2%b3urriyat-%d2%9bismi-seyum.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев