1) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд ту талоқ ҳастӣ, вале нияти се талоқ накунад, дар ин сурат агар зан ҳайзбин бошад ва дар туҳре бошад, ки дар он туҳр ҷимоъ сурат нагирифта бошад, як талоқ воқеъ мешавад, аммо агар дар туҳр бошад, вале ҷимоъ сурат гирифта бошад ё ин ки дар туҳр набошад, талоқ замоне воқеъ мешавад, ки ба туҳри баъди бирасад, зеро ки талоқи суннатӣ машрут ба туҳре аст, ки ҷимоъ дар он нашуда бошад.
Аммо агар зан аз касоне бошад, ки ҳайзбин нестанд ва иддаашон бо моҳ ҳисоб мешавад ва ё ҳомила бошад, дар ин сурат дар ҳамон лаҳзае, ки лафзи талоқ гуфта шудааст, як талоқ воқеъ мешавад.
2) Агар марде се талоқро дар як туҳр ва ё ба сурати ҷудогона дар се туҳр ният кунад, ин ният саҳеҳ аст ва талоқ ҳосил мешавад. Аммо соҳиби ҳидоя (Бурҳонуддини Марғелонӣ) ва ҷамъе дигар аз уламои фиқҳ бар ин ақида ҳастанд, ки дар як туҳр нияти се талоқа кардан саҳеҳ намебошад.
3) Агар марде зани худро ба равиши суннатӣ талоқ диҳад ва нияти талоқи боин кунад, ин талоқ саҳеҳ буда, вале боин намешавад. Ва агар ният кунад, ки ду талоқ диҳад, ин ният саҳеҳ нест ва фақат як талоқ воқеъ мешавад... https://ahnof.com/editor-picks/a%d2%b3komi-talo%d2%9bbahshi-cha%d2%b3orum.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4