Дар қисматҳои қабл бо мушаххасот, ном, куния, номи падару модар, ҳамсар, замони Ислом овардан ва аз кадом қабила будани Абдуллоҳ ибни Равоҳа ошно шудем. Дар ин қисмат ба идомаи саргузашти ин саҳобаи бузург ва шоири ширинзабон ошно хоҳем шуд.
Ҳузур дар ҷангҳо
Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар замони ҳаёти худ тақрибан дар тамоми ҷангҳо аз ҷумла: ҷанги Бадр, Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Хайбар, Умратул-қазо ва Мавта ширкат кард ва дар замони ҷанги Бадрул-мавъид, ҷонишини Паёмбар(с) дар Мадина буд.
Дар ҷанги Бадр аз сӯи Паёмбар(с) маъмури иблоғи хабари пирӯзии мусулмонон ба Мадина шуд.
Дар Умратул-қазо ҳангоми вуруди Паёмбар(с) ба Макка, Абдуллоҳ(рз) афсори маркаби Эшонро гирифта буд ва Ӯро ҳамроҳӣ мекард ва ашъоре низ дар васфаш мехонд. (Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.371)
Пас аз фатҳи Хайбар, аз сӯи Расули Худо маъмури ҷамъоварии хароҷи Хайбар шуд ва то ҳангоми шаҳодаташ ин симатро доро буд. Баъд аз набарди Хайбар, бо 30 савора, ки Абдуллоҳ ибни Анис низ дар миёни онон буд, ба сӯи Башир ибни Зароми Яҳудӣ, ки дар андешаи ҳамлаи ғофилгирона ба Мадина буд, эъзом шуд ва Ибни Заромро ба қатл расонд. (Ибни Саъд, Табақотул-Кубро, ҷ.3, саҳ.523)
Ҷанги Мавта
Дар бораи иллати ҷанги Мавта муваррихон чунин навиштаанд:
Расули Худо(с) номаеро ба василаи Ҳорис ибни Умайр барои подшоҳи Бусро фиристод. Ӯ дар миёнаи роҳ вақте ба Мавта расид, Шарҳибил ибни Амри Ғассонӣ, ки ҳокими онҷо буд, ҷилави Ҳорисро гирифта пурсид:
Аз фиристодагони Муҳаммад ҳастӣ?
Ҳорис гуфт: Бале, ман фиристодаи Расули Худо(с) ҳастам.
Шарҳибил дастур дод, ки ӯро бикушанд. Ва ин амр дар ҳоле буд, ки ҳеҷ пайке ғайри аз ӯ (Ҳорис) ба қатл нарасида буд... https://ahnof.com/editor-picks/abdullo%d2%b3-ibni-ravo%d2%b3arz-bahshi-sevvum.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев