Вале ҳайфо, ки инсонон канори ҳам ҷафокоранд.
Бирав, мағурур бош, аммо Худоро дар дилат бигзор,
Ки ҷумла хоксорикардагон дар зиндагӣ хоранд.
Даво мехоҳӣ гар ту, рав, ба назди дардмандон шин,
Табибони раҳи ҳақ хештан ғамдору беморанд.
Ду бегона ба ҳам ёранду мефаҳманд дили ҳамро,
Ду ҳамқисмат ба як хона вале ағёру ноёранд.
Фиғон аз ишқи дил, душман шавад дилро пас аз анҷом,
Фиғон аз одамиён, мурдахоҳу зиндабезоранд.
Шудам ҳайрони ту, эй зиндагӣ, бо ёди зардорон,
Саропошон бирезад зар, вале дар сина ғам доранд.
Бикун ту росткорӣ, росгӯйиро вале кам кун,
Ки аз ин ростгӯӣ росткорон лолу ночоранд.
Дилам сӯзад бар ононе, ки саҳроро ба хуни дил
Намуда гулъузору лек ин дам ҳар куҷо хоранд.
Дигар ман шоириро тарк хоҳам кард баъд аз ин,
Ки бе зар аз рухи зарди ману ҳам шеър безоранд.
✍️Рамазон Ҷелматов.📖
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Чаро сабре надори мерасад руз(е) дустат доранд.
Аввал талхи расад бар ком асалро нуши чон сози.
Ту ҳам омодаи он бош, ки бо бахтат рузе нози.