Ман барои аввалину охирин бор мурдам.
Ишқи марди "ношинос" доси аҷал?
Ин чи марги бемаҳал?
Ин чи сода рафтану эҳсоси ботил?
Мурд дил!
Сарнавиштамро ба ранги сипсиёҳ
Оҳ, бинвиштанд охир иштибоҳ!?
Ман ба ранги сапсафед одат накардам,
Дард, оҳ , дард, оҳ, дард,ОҲ!
Ай шиноси ношинос,
Ай марди худхоҳ!
Дастагулҳои шақоиқ шуд куҷо?
Ку шақоиқ,
Куст ошиқ???
Омадиву баста шуд дасти умед,
Побазанҷир аст бахтам ,носафед.
Мову ту ҳастем гуё маҳбасӣ,
Дар сарои бекасӣ,
Нимнигоҳи мо ба дасти нокасе?!
Ноумедӣ сахт душвор аст ,
Сарнавиштам боз такрор аст?
Инқилобиям!
Руҳи позавлонаам дар дасти озор аст.
Қолабӣ будан чи даркор аст?..
Омадӣ?
Хуш омадӣ!
Аз баҳри куштан ?
Заҳматат беҳуда нест!
Ин зани н-осуда медон, сахт бемор аст!
Сахт бемор аст! Sh. R.
———
Lyrics: Shoira Rahimjon
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Оташеро пару бол аз хасу хошок хуш аст .