Бар мо рақами хатопарастӣ ҳама ҳаст ,
Нокомию ишқу тангдастӣ ҳама ҳаст .
Бо ин ҳама дар миёна, мақсуд туӣ ,
Ҷои гила нест , чун ту ҳастӣ , ҳама ҳаст.
Ассалому алайкум....
Рӯшан шуда зиндагонӣ аз нур ,
Рафтаст шаби сиёҳи мағрур.
Субҳ асту биё бихон тарона ,
Эй ишқ , сапеда омад аз дур.
🌹🌼☘️▪️🌹☘️▪️🌼☘️▪️🌹☘️▪️🌼☘️🌹
Худоё !...
Як тани ором...
Як зеҳни солим...
Як хаёли роҳат...
Як ибодати бериё...
Як тавозуъи боиззат...
Як имони бетардид...
Як умеди пуртаваккул
насиби ҳамаи мо бикун !
Ва аз мо инсоне бисоз
ки худат мехоҳӣ,
то коре анҷом диҳем,
ки худат ба он хушнуд
бошӣ.
Пас розӣ шав,
ҳаргиз дар анҷоми ҳар коре,
Туро фаромӯш накунем. 🌹🌹🌹
▪️▪️▪️
Ишқ , ишқ меофаринад...
Ишқ зиндагӣ мебахшад...
Зиндагӣ ранҷ ба ҳамроҳ дорад...
Ранҷ дилшура меофаринад...
Дилшура ҷуръат мебахшад...
Ҷуръат эътимод ба ҳамроҳ дорад...
Эътимод умед меофаринад...
Умед ишқ меофаринад...
Ва ишқ , ишқ меофаринад...
▪️🌼 С🌼 У🌼 Б🌼 Ҳ 🌼▪️
🌼 Б 🌼 А 🌼▪️
▪️🌼 Х🌼 А🌼 Й 🌼 Р 🌼▪️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 69