АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ
Бигзор субҳи имрӯзаи Шумо оғози рӯзи хайру баракот бошад....
Давоми рӯз ҳамеша тансиҳат, хонаобод , саршор аз шодиву комёбӣ бошед......🤲
СУБҲИ САФО БА ХАЙР.....!
🌷🌷🌼🌼🌷🌷🌼🌼🌷🌷🌼🌼🌷🌷🌼
СУХАНИ ҲИКМАТАНГЕЗ АЗ МУҲАММАДИ ҲИҶОЗӢ
1. Ба ақл зиндагӣ кунему бо дил хуш бошем.
2. Барои фикр кардан бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.
3. Бинои зиндагӣ бар тақлид аст, аммо ҳунарманд бояд аз тақлид бипарҳезад.
4. Ақли ноқис аст, ки миёнаи дилҳоро ба ҳам мезанад.
5. Агар ақл комил шуд, дил бад-ӯ таслим мешавад.
6. Ҳар кас метавонад ҳар рӯз худро беҳтар аз дирӯз бисозад.
7. Писарон ишқро ба бозӣ мегиранд, духтарон бо ишқ зиндагонӣ мекунанд.
8. Агар бояд рашк бурд, ба касе рашк бибарем, ки хушбахт аст.
9. Ҳар ҷо ду нафар бошанд, яке ҳоким аст, дигаре маҳкум.
10. Он ки некбахтии худро ба дасти дигаре медонад, басе нокомӣ хоҳад .
кашид...
11. Гоҳ аз як табассум ҳамчу як лабханди офтоб дунёе равшан мешавад.
12. Некиву меҳрубониву кушодарӯӣ ҳар зиштеро зебо мекунад.
13. Кӯдакро аз модар наметавон ҷудо кард, ҷавон ба лаззат аз хонавода ҷудо мешавад, пир аз ҷудоӣ безор аст.
14. Хонаи ороста касеро хушбахт намекунад, рӯҳи оростааст, ки хонаро ҷои хушбахтӣ месозад.
15. Аз хонае, ки садои ханда биёяд, даре ба биҳишт боз аст.
16. Зиндагӣ бозист, аммо қоидаҳои бозиро бояд риоят кард.
17. Донишандӯзон аз ҳазор бало дар амонанд.
18. Муфидтарин ихтироъи башар китоб аст.
19. Агар ба амал машғулед, мумкин аст, ки ба мақсуд бирасед, вагарна хеле ба умеди бахт набошед.
20. Ноне, ки фақир мебахшад, ҳазор нон арзиш дорад, ноне, ки доранда медиҳад, беш аз як нон намеарзад
/Xirad
🌼🌼🌸🌸🌼🌼🌸🌼🌼🌸🌸🌸🌼🌼🌼🌸
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 46