Предыдущая публикация
Дур кард,аз мо нигоҳи худ, паноҳаш бар Худо.
Рӯ ба рӯ аз иштибоҳаш огаҳӣ
бинмудаем,
Ӯ нафаҳмид иштибоҳи худ,паноҳаш бар Худо.
Хам бубинад гардани мо,бо сари болои худ,
Бор бинмояд гуноҳи худ,паноҳаш бар Худо.
Чоҳ бар мо меканад,аммо бидуни ихтиёр,
Мефитад рӯзе ба чоҳи худ, паноҳаш бар Худо.
Дар нахустин фурсате бешубҳа моро мекушад,
Гар кунад пайдо силоҳи худ, паноҳаш бар Худо.
Дӯсти дар хоб мебинӣ дигар Маҳкампурӣ,
Бар Худо бахшо паноҳи худ,паноҳаш бар Худо.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев