Санаи 09.01.2021 дар қароргоҳи ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" бо иштироки 21 нафар волонтёрону аъзоёни ташкилот бахшида ба ҷамбасти фаъолияти солонаи 2020 Маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Нахуст иштирокдорони Ҷаласа рӯзномаи Маҷлисро ки аз 5 масъала иборат буд ва котиботи Маҷлисро дар ҳайати Савриддинов Анварҷон ва Муссоев Меҳриллохон тасдиқ ва интихоб намуданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис ҳисоботи раиси ташкилот шунида шуд. Дар ҳисоботи раиси ташкилот Раҳматулло Раҳимбоев аз ҷумла қайд гардид, ки дар соли 2020 ташкилот аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои қуттиҳои хайриявии ташкилот, ки дар 47 нуқтаҳои савдову хизматрасониҳои шаҳр гузошта шудааст, инчунин аз ҳисоби хайрияҳои ихтиёрии шахсони саховатманд, дар маҷмӯъ мутобиқ ба ҳадафҳои Оинномавии ташкилот ба 120 оилаҳои ниёзманди шаҳри Исфара ба миқдори 139 544 сомонӣ (аз ҷумла 23 000 ба суратҳисоби бемор Раҳимзода Сомон, 50 000 сомонӣ ба суратҳисоби бемор Низомаддинов Обидхон ҷамъшуда) кӯмакҳои амалии худро дар шакли аробачаҳои маъюбӣ ба 26 нафар маъюбон, гузаронидани амалиёти ҷарроҳии 4 нафар беморони бемориҳои мубталои бемориҳои вазнин, гузаронидани тӯйи арусии ҷуфти ҷавонони камбизоату ятим, ва кӯмакпулиҳо ба 100 оилаи ниёзманд кӯмакҳои худро расонидааст.
Теъдоди аъзоёну волонтёрони ташкилот дар соли 2020 26 нафарро ташкил дода ба ташкилот дар ин сол 3 нафар ҳамчун волонтёр қабул карда шудаанд.
Дар соли 2020 дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону саховатмандон ба як оилаи ниёзманд ду дар хонаи замонавӣ, девор, дарвозахона сохта дар арафаи таҷлили 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Кӯмакрасонӣ ба хонаи бачагонаи шаҳраки Шӯроб, Ҷамъияти нобиноёни шаҳрҳои Конибодому Исфара ва мактаб-интернати бачагони босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара аз ҷумлаи эҳсонкориҳои ташкилот маҳсуб меёбад.
Ба ташкилот дар соли 2020 120 муроҷиатҳои хаттӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида аз ин 118 ариза пурра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Аз тарафаи ташкилот дар соли 2020 6 чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷумла гузаронидани консерти эҳсонкорӣ дар моҳи март, оростани дастурхони идона ба хонаи бачагонаи шаҳраки Шӯроб, баргузории тӯйи арусии ҷуфти ҷавонони камбизоату ятим ва ғайраҳо гузаронида шудааст.
Аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои консерти эҳсонкорӣ, ки бо иштироки ҳофизи боистеъдоди шаҳри Исфара Ҳаётҷон Ризоев баргузор шудааст ба маъюбон аробачаи маъюбӣ ва ба китобхонаи ҷамоати шаҳраки Нурафшон 100 адад китоби "Гулистон" ва "Бӯстон" - Саъдии Шерозӣ тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди иди Ваҳдати миллӣ бо саҳмгузории Сартабиби беморхонаи марказӣ Вакили мардумӣ Таибиддин Мухаммедов ба хонаи бачагонаи шаҳраки Шӯроб бо харҷи 30 000 сомонӣ лавозимотҳои рахти хоб, мизу курсиҳо, сару либос ба тарбиятгирандагони муассиса тақдим карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби ҳамин марди саховатманд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Ормони дилҳо ба мактаб-интернати бачагони босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара бо харҷи 11 000 сомонӣ қолинҳои нав, маводи сӯзишворӣ ва 2 адад чангкашак тақдим карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи майи соли 2020 аз ҷониби соҳибкорони саховатманди Ворухӣ ва Кӯлкандӣ ба зиёда аз 300 оилаҳои ниёзманд кӯмакпулиҳо дода шуд.
Фаъолияти Оинномавии ташкилот ҳамаруза дар шабакаҳои интернетӣ, ҳамкорон ТВ Исфара ва радиои Исфара, ТВ Танин, рӯзномаву маҷаллаҳои овозадор "Хазинаи маърифат", "Ваҳдати миллӣ" ба нашр расида манзури халқ мегардад.
Пас аз ҳисоботи раиси ташкилот иштирокдорони Маҷлис ба музокира баромаданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи сармуҳосиби ташкилот Наимҷон Туранов оиди ба буҷети ташкилот дар соли 2020 муфассал ҳисобот дода, барои 2021 пешниҳодҳои худро иброз намуд.Дар соли 2020 тибқи нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 ва 2019 ташкилот 8 маротиба зиёд ба ниёзмандон кӯмак расонидааст, ки ҳамаи ин бо шарофати дастгирии шахсони саховатманд ва мардуми Исфара мебошад.
Аз руи масъалаи сеюм раиси комиссияи назорат ва тафтишотии ташкилот Илҳомиддин Ҳомидов оиди хулосаи санҷиши фаъолияти хоҷагӣ-молиявии ташкилот дар соли 2020 ҳисобот дода, пешниҳоду эродҳои коммиссияро ба аъзоёни ташкилот ироа намуд.
Волонтёрони ташкилот Холидахон Мадалиева, Анварҷон Савриддинов, Одилҷон Мирзошарипов оиди бурду бохти фаъолияти ташкилот дар соли 2020 ва дастовардҳои он ибрози андеша намуданд.
Ҳофизони саховатманди шаҳри Исфара ки бо ташкилот ҳамкории судманд доранд ба фаъолияти ташкилот баҳои баланд доданд. Аз ҷумла Анварҷон Эргашев аз номи аҳли санъат омодагии худро барои ҳамкории минбаъда бо ташкилот иброз намуда, қайд намуд, ки ӯ ва ҳамкасбонаш омодааст, ки ба таври ройгон барои гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангии ташкилот саҳмгузорӣ намояд.
Оиди масъалаи чоруми рузномаи Маҷлис пас аз шунидани таклифу пешниҳодҳои аъзоёну волонтёрон нақшаи солонаи 2021 бо ҷонибдории иштирокдорони Ҷаласа тасдиқ карда шуда, ба аъзоёну волонтёрони ташкилот аз ҷониби раиси ташкилот вазифагузорӣ карда шуд.
Дар фаранҷом раиси ташкилот барои дастгирии иқдомҳои неки ташкилот ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, соҳибкорону саховатмандон, ҳофизон ва аъзоёни ташкилот миннатдорӣ баён намуд.
Яқ қатор аъзоёни фаъоли ташкилот, аз ҷумла ҳофизони боистеъдоди шаҳр, Ҳаётҷон Ризоев, Шералии Қурбонзод, Анварҷон Юсупов ва Анварҷон Эргашев, ки барои пешбурди фаъолияти Оинномавии ташкилот саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати ташкилот қадрдонӣ карда шуд.
ОРМОНИ ДИЛҲО
09.01.2021.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев