Санаи 18.01.2020 дар қароргоҳи ташкилот таҳти раёсати Раиси ташкилот Раҳматулло Раҳимбоев ҷаласаи ҷамбасти фаъолияти яксолаи ташкилот баргузор гардид.
Дар ҷаласа 18 нафар аъзоёну волонтёрон ва Комиссияи назорат ва тафтишотии ташкилот иштирок доштанд.
Нахуст иштирокдорони ҷаласа рӯзномаи ҷаласаро ки аз 3 масъала иборат буд тасдиқ намуданд. Сипас бо котиботи ҷаласа интихоб карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум Раиси ташкилот Раҳматулло Раҳимбоев доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2019 ҳисобот дод. Номбурда қайд намуд, ки соли 2019 ба буҷети ташкилот 75 053сомонӣ маблағҳои хайриявӣ ворид гардида дар ин сол ба ташкилот 51 муроҷиати сокинон ворид гардид ва 46 муроҷиат аз ҷониби ташкилот мавриди баррасӣ қарор гирифта аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба онҳо кӯмакҳои амалӣ дар шакли аробачаҳои маъюбӣ ба маъюбон, кӯмакпулӣ барои табобати беморон, баргузории туйи арӯсии ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ байни ятимону нобиноён кӯмакҳо расонида шуд.
Дар соли 2019 ташкилот як қатор чорабиниҳо гузаронид аз ҷумла ташкили дастурхони идона ба 30 нафар ятимон дар хона-интернати шаҳраки Шӯроб, гузаронида мусобиқаи шашка ва шоҳмот байни 30 нафар ашхоси қувваи босираашон сусти вилояти Суғд, баргузории кастинг-озмун байни ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд, кӯмакрасонӣ ба туйи арусии ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд, ташкили шоми ифторӣ барои 90 нафар маъюбону камбизоатон, таъмин намудани чор нафар маъюбон ва камбизоатон бо ҷойи таҳсил дар Литсейи касбии шаҳраки Шӯроб, ташкили оши палов ба 210 нафар беморони бемориҳои руҳии ҷамоати Лаккон, ташкили таҷлили яксолагии ташкилот дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки 300 нафар сокинони фаъоли шаҳр ва ташкилот даҳҳои дигар кумакҳои амалии худро ба ниёзмандон расонид.
Дар давоми 21 моҳи фаъолият соли 2018 ва 2019 дар умум ташкилот ба 150 оилаҳои ниёзманд дар ҳаҷми 142 000 сомонӣ кӯмакҳои амалии худро расонид.
Айни ҳол аз ҳисоби мабағҳои хайриявии ташкилот 3 нафар донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманду маъюб дар донишгоҳҳо таҳсил намуда истодаанд ки 2 нафар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва 1 нафар дар Колеҷи тиббии шаҳри Исфара таҳсил намуда истодаанд. Хушбахтона маблағи таҳсили соли аввали донишҷӯи Колеҷи тибби шаҳри Исфара аз тарафи марди саховатманд Роҳбари ҶДММ "Субҳи Ватан" Абдуманнон Эрматов парохт карда шуд.
Раиси Комиссияи назорат ва тафтишотии ташкилот Илҳомиддин Ҳомидов дар ҷаласа оиди қарору хулосаҳо ва санҷишҳои комиссия аз болои фаъолият ва хароҷоти молиявии ташкилот ҳисобот дод. Номбурда оиди пешравиҳо ва камбудиҳои ташкилот ҳарф зада даъват ба амал овард, ки дар соли 2020 теъдоди кӯмакрасонӣ ба беморон, маъюбони гр.1-ум, ятимон бештар карда шавад. Ӯ фаъолияти ташкилотро хуб арзёбӣ намуд.
Аъзои Раёсати ташкилот Шавқатҷон Бобоев оиди хароҷотҳои молиявии ташкилот ва бурду бохти ташкилот дар соли 2019 ҳарф зада як қатор пешниҳодҳоро барои соли 2020 манзури иштирокдорони ҷаласа гардонид. Номбурда таъкид намуд ки ташкилот дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 8000 сомонӣ ё худ 10% зиёдтар кӯмакҳои амалӣ расонид.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1