Раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар изҳор дошт, нишасти Доҳа бояд ба лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Афғонистон кумак кунад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт, ки интизор дорад нишасти Доҳа ба лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Афғонистон кумак кунад.
Вай бо таъкид бар ин ки таҳримҳо боиси ранҷи мардуми Афғонистон мешавад, гуфт: Умедворам ин нишаст ба ёфтани роҳи ҳилле барои мушкили Афғонистон, ки акнун мардум бо он гирифтор ҳастанд, яъне рафъи таҳримҳои иқтисодӣ кумак кунад.
Нишасти сеюм Доҳа барои Афғонистон қарор аст фардо (якшанбе 30 июн) бо ҳузури намояндагони вижаи ҳадди ақал 22 кишвар ва ҳудуди ҳашт созмони ҷаҳонӣ оғоз шавад.
Муҷоҳид: Мавзӯъҳои дохилии Афғонистон дар нишасти Доҳа матраҳ нахоҳад шуд
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ки раҳбарии ҳайати Кобул дар ин нишастро ба ӯҳда дорад имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт: Мавзуъҳои дохилии Афғонистон дар Доҳа матраҳ нахоҳад шуд. https://tajikpress.com/2024/06/29/%d1%85%d0%be%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%b8-%d0%b0%d1%81%d0%be%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d1%82%d0%be%d0%bb%d0%b8%d0%b1%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%b7-%d0%bd%d0%b8%d1%88%d0%b0%d1%81%d1%82-%d0%b4%d0%be%d2%b3%d0%b0/
https://youtu.be/P-qU5EdxiS8?si=dLtF-yGqrfh_PDkw
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев