Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, тасвиби лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷоб ва эъмоли маҳдудият бар суннатҳои идҳои исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард.
Ба гузориши CAIR, (The Council on American–Islamic Relations) Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, тасвиби лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷоб ва эъмоли маҳдудият бар суннатҳои идҳои исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкӯм кард.
Ҳадафи ин лоиҳа, маҳдуд кардани пӯшидани либосҳое аст, ки давлати Тоҷикистони онро либосҳои бегона меномад ва интизор меравад, ки дар дараҷаи аввал ҳиҷоб ва соири пӯшишҳои исломиро ҳадаф қарор диҳад.
Кори Сайлер, мудири таҳқиқоти Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, дар ин бора гуфт: мамнуъияти ҳиҷоб нақзи озодии мазҳабӣ аст ва чунин мамнуъиятҳое барои пӯшиши мазҳабӣ набояд дар ҳеҷ кишваре, ки ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром мегузорад, ҷой дошта бошад. Мо ин қонуни золимона ва саркӯбгарро маҳкум мекунем ва аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки ин тасмимро лағв кунад.
Вай хотирнишон кард ки Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ, қаблани ҳам пешниҳоди мамнуъияти ҳиҷоб дар Тоҷикистонро маҳкум карда буд. https://tajikpress.com/2024/06/23/%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be%d3%a3-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев