Фильтр
Все темы

АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОН, МУХЛИСОН ВА ҲАВОДОРОНИ ГУРУҲИ ◆❁✿-КиТоБи ЗиНдАгИ-✿❁◆

БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ХАСТАГИИ ШУМО ТАСМИМ ГИРИФТЕМ БА ТАВРИ БОЗИ БАРНОМАЕРО ПЕШКАШИ ШУМО НАМОЕМ

ТАРТИБ ВА ШАРТИ БОЗИ ЧУНИН АСТ: 👇👇👇👇👇👇👇👇👇👇 ҲАР ЯКЕ АЗ ШУМО БО ТАРТИБИ МУАЙЯН РАҚАМҲОРО АЗ 1 ТО 10 МЕНАВИСЕД. ВАҚТЕ КИ НАВБАТ БА РАҚАМИ 9 МЕРАСАД , НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 9 РО МЕНАВИСАД БА НАФАРЕ,КИ РАҚАМИ 10 РО НАВИШТА МЕНАМОЯД СУОЛЕ ПЕШНИХОД МЕНАМОЯД. СУОЛ БОЯД ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ОДОБ ПЕШНИҲОД ШАВАД:( ХАДИС ГУЕД, САЛАВОТ ФИРИСТЕД, ПАНДЕ ГУЕД, ШЕЪРЕ ДАР ВАСФИ МОДАР, ВАТАН ,МЕҲАН) БОВАРИ ДОРЕМ ИН БОЗИ ПИСАНДАТОН МЕОЯД ВА ШУМО ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА МЕНАМОЕД... БА КАСЕ НОФАҲМО БОШАД ,ШАРМ Н
  • Класс!154
𝐀⋆ 𝐊⋆ 𝐁⋆ 𝐀 ⋆𝐑彡
добавлена 1 июля 2020 в 02:42
  • Класс!79
𝐀⋆ 𝐊⋆ 𝐁⋆ 𝐀 ⋆𝐑彡
добавлена 28 ноября 2017 в 16:32
  • Класс!40
𝐀⋆ 𝐊⋆ 𝐁⋆ 𝐀 ⋆𝐑彡
добавлена 9 сентября 2016 в 17:24
  • Класс!10
  • Класс!63
  • Класс!27

ҲАСРАТИ ЗИНДАГӢ....

______🍃📖🍃______
Зиндагиро роҳ гуфтам, чоҳ будаст, во дареғ,
Ҳосили буду набудаш оҳ будаст, во дареғ.
Орзу кардам, ки ман бо ханда созам зиндагӣ.
Хандаамро гиряҳо ҳам роҳ будаст, во дареғ.
  • Класс!67

ПАНДНОМА...📖

°°°°°°°°🌴📖🌴°°°°°°°°
Дар даҳр, фақат шири дунон мебинӣ,
Дар қалб, фақат захми забон мебинӣ.
Буд панду масал ҷавоби некӣ - некӣ,
Аз хубии хеш, фақат зиён мебинӣ...
  • Класс!126

МУШОҲИДАҲОИ БУЗУРГОН...📖

🌴____Аҳмақҳо ингуна шинохта мешаванд: ҳарчи ба онҳо бештар эҳтиром бигузоред бештар мағрур ва мутакаббир мешаванд...!🌴
Виктор Гюго 🖊️
  • Класс!108

БУЗУРГТАРИН ИШТИБОҲИ МО....

  • Класс!98
  • Класс!61
  • Класс!108

ПАНДНОМА...📖

  • Класс!116

ҲИКОЯ...📖

ЗАН - МОДАР! 🌹

_______🌼🍃🌼🍃🌼_______
______Писар аз модари гирёнаш пурсид: «Модар, чаро гиря мекунӣ?»
Гуфт: «Ман зан ҳастам».
Писар гуфт: «Ман инро намефаҳмам».
____Модар ӯро ба оғӯш кашида изҳор дошт:
«Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид».
___Писар ба воя расид ва рӯзе дар ин бора аз хирадманде пурсид:
«Чаро занон гиря мекунанд?»
___'Ӯ посух дод: «Вақте зан офарида шуд, Худованд барояш китфони пурқувват дод, то вазниниҳои оламро бардорад ва ҳикмате барояш бахшид, то хонаводаро танзим кунад…
____Ахиран ашкро барояш дода, то бо рехтани он дарду ранҷҳои руҳашро низ, бирезад. Ин ягона нуқтаи заъфи ӯст.
____ Барои ҳамин, агар ӯро дидӣ, ки мегиряд, барояш бигӯ
  • Класс!115
  • Класс!69

ПАНДНОМА...📖

🥀📖🥀
____Аз Афлотун пурсиданд, ҳайратовартарин рафтори инсон чист?
Посух дод:
--- Инсон аз даврони кӯдакӣ орзуи тез калон шуданро мекунад, аммо замоне, ки калон шуд, дилтанги даврони кӯдакӣ мешавад.
_____Аввал барои ҷамъи молу сарват саломатиашро аз даст медиҳад, сипас барои барқарор кардани саломатӣ пулашро харҷ мекунад.
______Тавре зиндагӣ мекунад, ки гӯё ҳаргиз нахоҳад мурд, баъд тавре мемирад, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накарда аст.
Чуноне ки мефармоянд:
Гуфт: Афлотуни доно вақти мурдан як сухан,
Ҳайфи доно мурдану сад ҳайфи нодон зистан.
  • Класс!86

СӮЗИ ДИЛ...

🌼🍃🌼 Дар вафодорӣ надидам, ҳеҷ касро мисли ту,
🍃🌼🍃 Эй ғам, аз ҳоли дилам як лаҳза ғофил нестӣ.
  • Класс!71

ПАНДНОМА...📖

_______🥀📖🥀_______
.....БАРНАМЕОЯД, ДУ КОР АЗ ИН ДУ
ФАРД:
.....МАРДИ АЗ НОМАРДУ НОМАРДИ, ЗИ МАРД.
  • Класс!153
  • Класс!106

ҲИКОЯИ ИБРАТОМӮЗ...📖

ҶУЗ РОСТ НАБОЯД ГУФТ...

Подшоҳе барои куштани асире фармон дод. Асир дар ҳолати ноумедӣ шоҳро дашном дод. Шоҳ ба яке аз вазирони худ гуфт:
--- Ӯ чӣ мегӯяд?
Вазир гуфт:
--- Шуморо дуо мекунад.
Шоҳ асирро бахшид.
Вазири дигаре, ки дар пеши шоҳ буд ва бо вазири аввал мухолифат дошт гуфт:
--- Эй подшоҳ, он асир Шуморо дашном дод.
Подшоҳ гуфт:
--- Ту рост мегӯӣ, аммо дурӯғи он вазир, ки ҷони инсонеро наҷот медиҳад, беҳтар аз рости туст, ки барои марги як инсон сабаб мешавад:
Ҷуз рост набояд гуфт,
Ҳар рост нашояд гуфт.
  • Класс!108

*****

...
  • Класс!145
  • Класс!89
  • Класс!31

ШОҲБАЙТ...

*****
.......Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
.............Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
©️ Мавлоно
  • Класс!93
Показать ещё