ПАНДИ НИЁГОН...
______
______
Ғам махӯр, ёро, ки Ҳақ фарёди ғамхорон расад,
Ёри корафтодаро ёрӣ ҳам аз ёрон расад.
Давлати ҷовид хоҳӣ, хезу шабро зинда дор,
Хуфта нобино бувад, давлат ба бедорон расад.
Гар ҳумоӣ, авҷи хирманро ба гунҷишкон супор,
В-ар дурустӣ, ғам махӯр, шарбат ба беморон расад.
Ошиқон хӯрданд, май з-он муфлисон гаштанд, маст,
Бош, то рӯзи пасин, навбат ба ҳушёрон расад.
Чун магас хӯрд, ангубин парвонаро шамъ аз чӣ сӯхт,
Кисса тарророн баранд, офат ба айёрон расад.
Ҷанги султонист ин ҷо тирборон чашм дор,
Он арӯсиҳо бувад, к-он ҷо шакарборон расад.
Гар даруни боргоҳат ёр набвад, з-он маранҷ,
Чун ба сайд омад, малик, навбат ба сагдорон расад.
Эй, Низомӣ, пой да
Нет комментариев