Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
ПАНДНОМА...📖
🌺🍃🌺
Касе, ки робитааш бо Қуръон, фақат ба Рамазон маҳдуд аст, монанди он аст, ки худро ёздаҳ моҳ , аз ҳидоят, шифо , раҳмат ва панди Аллоҳ бениёз медонад..!
Астағфируллоҳ 🍃🌺🍃
0 комментариев
23 класса
ПАНДНОМА...📖
*****
Кори хайре, гар надорӣ, ҳарф аз эҳсон мазан,
Бе намозу рӯза охир даъвии имон мазан!
✨
Худ, чу одам бош, аввал то, ки ёбӣ, иззате,
Бе сипоҳу қудрате, ту лоф аз майдон мазан!
✨
Мардумозорӣ чароят, бо ҳазор фанду фиреб,
Бо дили бад хештанро бар сафи инсон мазан!
✨
Ӯ табиби дардҳост, пас пеши ӯ рав бар даво,
Нолаатро ҷуз дари он соҳиби дармон мазан!
✨
Бас забардастони дунё мурда чун бечорагон,
Аз паси шӯҳрат худатро бар раҳи шайтон мазан!
✨
Ҳоҷаи долури дунё даргузашт аз ташнагӣ,
Эҳтимол ӯ хоҷа гардад таънаи бе нон мазан!
✨
Аз шароб дур бош, охир қадр кун умри азиз,
Баҳри як дам роҳате, худро ту бар зиндон мазан!
✨
Мард бошу устувор, Ҷӯё ба ҳар як гуфтаат,
Дар раҳи тоат нишину васф аз ҳурон мазан!
ПАНДНОМА...📖
🍃📖🍃
Як даст ба намозему, як даст ба ҷом,
Гаҳ марди ҳалолему, гаҳ марди ҳаром.
Моем дар ин ҷвҳон нопухтаву хом,
Не кофири мутлақ, не мусалмони тамом.
✍️(Умари Хайём)
2 комментария
58 классов
ПАНДНОМА...📖
****
Эй, писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун,
Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун.
Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ,
Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун.
Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳатӣ,
Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун.
Гуфт, устодам ба толеъу саодат то расӣ,
Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун.
Эй, сарат аз санг бодо, сахттар дар зиндагӣ,
Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун.
Рӯ магардон, аз забони модарии ноби худ,
Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун.
2 комментария
84 класса
ПАНДНОМА...📖
🌼🍃🌼
Аз Худо ҷӯем, тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт, аз лутфи Раб.
🍃
Беадаб танҳо, на худро дошт, бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
**** Эй, писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун, Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун. Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ, Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун. Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳатӣ, Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун. Гуфт, устодам ба толеъу саодат то расӣ, Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун. Эй, сарат аз санг бодо, сахттар дар зиндагӣ, Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун. Рӯ магардон, аз забони модарии ноби худ, Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун.
Беҳуда гузаронидани вақт ва замон, бадтар аз марг аст! Ба ростӣ, ки гузаронидан ва куштани вақт ва замон ба беҳудагӣ, туро аз Аллоҳ ва рӯзи қиёмат дур месозад. Аммо мурдан ва марг туро танҳо аз дунё ва мардум дур мегардонад. Имом Ибни Қаййм رَحِمهُ اللّٰـهُ Китабул - фуқад сафҳа 44