Чиро интихоб кунем оё ҳаромкардаи Аллаҳро ҳалол гуем?
Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рӯймолҳои) худро то гиребон фурӯ гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занони ҳамдини худ ё бандагони ( ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд ё кӯдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад. Эй мӯъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед. Сураи НУР ояти 31