22-юми октябри соли равон соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и пойтахт музоядаи фурӯши аспҳо доир мегардад. Барои ҳаводорони аспсаворӣ беҳтарин ҷонварони зоти тоҷикӣ, англисӣ, ахалтегин ва дигар зотҳо пешниҳод мешавад. Ҳар асп ба зоти худ зебосту аъло: сахтсум, нармдум, тезгом, хатлихиром, таковар, афрохтасар, тозапайкар.
Марҳабо ба «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт.
Дар ин аспрез хоҳед дид,
Ин ҳамаро бо чашми сар!