Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ санаи 30-юми марти соли ҷорӣ соати 15:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавониро барои дарёфти “Ҷоми Пойтахт-2019” баргузор менамояд. Қабл аз мусобиқа ҳозиринро ситораҳои эстрадаи тоҷик аз қабили Хайриддини Шариф, Меҳринигори Рустам ва Нишонаи Рустам бо барномаи консертиашон шод мекунанд. Аз варзишгарон ва чобуксаворони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро барои иштирок ба кумитаи тадурукот – Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.